Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Айб, ҳоло ҳам як лаб нон пурсида ба дарҳо рафтан айб. Хоҳ-нохоҳ колхоз мешавед, имрўз нашавед, пагоҳ мешавед, худатон шарм дошта меоед» гўяд, зоро фаҳманд.
Ҳамон шаб Умматқул муддаои худ ва фикри раисро арз кард.
Аз чодари сиёҳ безор шудани худро гуфт, лўлиён ҳайрон шуданд ва падараш мисли маймуни ба ғазаб омада ҷаста хест:
— Аҳмақи бетамиз, гап як бор мешавад, тавба карда будӣ, боз сар мекунӣ?! Саг, билло ту аз ман нашудаӣ! Кирми дарахт аз худаш. Ту ҳам кирм барин, мехоҳӣ ба пои равони мо ишкел андозӣ.
Рав! Хоҳӣ, худат рафтан гир! Оқи падар! Дафъ шав!
— А-а-а... Мардак, чӣ гуфтӣ, садқат бишам, Уммати мана оқ кардӣ. Гапата гир! – бо хашм хест модар.
— Не, туфи ба замин партофтаамро намегирам!
— Ота, ин сухан барои ман иҷозат аст. Хайр!
Умматқул аз дар баромад. Талъат, Гавҳар, модар... паси ҳам аз қафои ў қатор шуданд. Дар як чодар Худойқул ва дар чодари дигар Маҳмараҷаб бо ду занаш монданд. Дигарон хасу хошок ҷамъ карда дар байни санглох гулхан афрўхтанд. Гулхан мисли гулхани шабҳои маросими тўй забона мезад.
Худойқул аз дари чодар ба гулхан чашм дўхта дар партави оташ симои Умматқулро дид ва риши ҷингилаашро сила карда худ ба худ ғуррид: «Ман кори ин сагро яктарафа накунам, намешавад.
Мекушам». Тамоми баданаш ларзида рафт. Калимаи охирини ўро Маҳмараҷаб шунида паси хайма омад. Хеле фикру мулоҳиза кард: зеро алами зарбу лати онрўза аз димоғаш нарафта буд. Ва намедонист, ки сардор чун пазирад.
— Ассалом, акои Худойқул!
Худойқул алек нагирифт.
— Акои Худойқул, чӣ кор кардӣ?
— Мекуша-а-а-ам! – мушт ба ҳаво ларзонда, дар андешаи пешин дод зад ў.
— Киро?
— Сагро...
— Сагро?
— Саги Умматро... Мекушаму баъд сарамро гирифта меравам.
— Куштан лозим не! Хуб кўфта, обию нонӣ карда, тавба додан даркор. – Ўро тез кард, Маҳмараҷаб.
— Не, мекуша-ам!!!
— Ман ҳеҷ гоҳ ба калхўз намеравам.
Занҳои Маҳмараҷаб аз чодари шафат гуфтаҳои онҳоро мешуниданд:
— Акои Худойқул, мебинед, фақат ману шумо ва ду занам мондем. Чӣ кор кунем? Ман ҳам намемонам, ки занҳоям сар- кашӣ карда раванд. Не гўяд, мекушам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё