Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ба додош корат чӣ? Ҳар мол нарх дорад.
— Дуруст, вале аз хук хук рўяд...
Марди алориш аз ин гапҳо дилгир шуда оҳиста бархост ва назди тозиҳои шикориаш рафт.
Марди қоқина аз паи Умматқул афтид. Чун шағоли дузд пасу пешро тоза карда роҳ мерафт. Ҳар гоҳ ба соқи маҳсии пои росташ нигариста чизеро зеҳнишин мекард. Сақфи синаи ў чун дами кўраи оҳангарӣ шину хез дошт.
Умматқул санглох, замини корам ва зоякро тай карда ба Зарафшон наздик шуд. Ба пас нигоҳе намекунад.
Таровати баҳор дар саҳрои беканор ҳис карда мешавад: садои чир-чир, ку-ку ва чув-чуви паррандаву ҳашараҳо ба гўш мерасад.
Сабзаи навхез зери пой монда, қомати ҷавонаш шиканад ва боз аз зери по раҳо шуда қомат рост кардан хоҳад. Офтоб мисли атргули дар сақфи хона овехта зебост. Бўи дашт дигар шудааст. Чун ба дарахти дўлонаи якка, ки дар алти миёнаи саҳрои васеъ мисли пахта шукуфтааст, расидед, бўи дигареро ҳис мекунед. Умматқул ба дўлона наздик омад ва дар гўшаи чашмаш суробе намуд ва ў бозистода ба пас нигарист: Маҳмараҷаб бепарво меомад. Умматқул дар сояи дўлона қарор гирифт ва ба рўи санги сиёҳи бехи дарахт нишаст. Маҳмараҷаб ҳам расида омад.
— Ҳа, мардак, инҷаҳо? – пас аз салом пурсид Умматқул.
— Мешад-да! – пичингомез гуфт, пас яку якбора аз матлаб сар кард. -– Ту ҳамаро «Шумо мард нестед» гуфтаӣ?
— Киро?
— Моро. Мард мебудӣ, ҳамин хел рафтор мекардӣ?
— Чӣ хел?
— Падарсаги паст!
— Акои Мараҷаб, майнат-ку беҷо нашудай?
Маҳмараҷаб гардани дарози серрагашро чун гардани қоз ёзонда ва дандон соида, ба тарафи Умматқул қадам монд:
— Беномус! Номард! – дастонаш аз ҳаяҷон меларзиданд.– Куҷо мардигариат? Ман мебудам, худамро ҳаф меандохтам, боз мияи мана таъна мезанӣ!
— Ту чӣ мехоҳӣ? Беномус шуда...
— Беномус набошӣ, зани касро мегирӣ? Апат ун хел...
— Зани кас!? – фиғон кард ў.
— Сарқутхўр!
— Чӣ?!
— Медонӣ, ки ман ўро мегирифтам.
— Ту?! Ба болои ду зан?! Ту мегирифтӣ?!
— Ман, Мараҷаби қоқ?! Ё аз ҷонат гузар мекунӣ ё аз Талъат!
– Ў аз гиребони куртаи сатини Умматқул дошта ду-се афшонд ва бошаст тела дод. Ҷавон ба дарахт бархўрд. Гулбаргҳои дарахт танга-танга канда шуда ба сару рўи онҳо рехт.

пешина
аз 429
навбатӣ