Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Акои Мараҷаб, ҳазл накунед!
— Очат ҳазл мекунад!
Баробари ба забон гирифтани «очат» ҷони Умматқул ба лаб омад, ларзид. Ў тануманд ва боқувват, вале Маҳмараҷаб кўтоҳтар буд.
— Даҳони мурдоратро шуста, баъд «оча» гўй! – Маҳмараҷаб ба ҷои ҷавоб мушт гиреҳ карда, ба баногўши Умматқул фароварданӣ шуд. Ў якбора хам хўрд. Мушти ў шамшервор ҳаворо бурида гузашт ва худаш аз шаст як давр гашт. Умматқул ҳоло ҳам сабр мекард, Маҳмараҷаб боз ҳуҷум кард. Ин дафъа ба лабу даҳонаш муште бархўрд ва ҳамон лаҳза лабаш варамид. Занозан.
Кашокаш. Ғалтухез. Такорў.
Маҳмараҷаб аз соқи маҳсӣ корду ғилофро кашида баровард, вале корд аз ғилоф охта натавонист. Умматқул ба банди дасти ў мушти путкона зад. Корд як сў парид. Умматқул ўро хуб кўфт.
Маҳмараҷаб беҳол шуда буд. Умматқул лом нагуфта кордро аз замин бардошт ва ўро ба аҳволи худ партофта, сўи хаймаҳо равон шуд. Аз нимароҳ як ба қафояш нигоҳ кард. Маҳмараҷаб намеҷунбид. Хаёл карда монд. Пас фикре ба сараш омаду гашта рафт.
Ўро ҷунбонда-ҷунбонда, шинонд. Аз чашмони ў ашк мерехт. «Аз бачча шаллоқ хўрдам» – ғур-ғур кард ў. Умматқул аз зери бағалаш гирифта бардошт. Ў баракс вазн андохт.
— Хез, меравем!
Ў сар ҷунбонд: «Не»
Умматқул ўро ба дўш бардошт. Ду дасти мард аз китф ба сари синаи ҷавон беҷон барин меларзид, пойҳояш кашол буд. Аз гармии ҳавои баҳор дар ҷабину паҳлўи бинии ҷавон донаҳои симобии арақ пайдо шуда, оҳиста-оҳиста ба ҳам омада, монанди арақи тиреза ба зер мешорид. Умматқул мондагии худро ҳис накард. Ногоҳ море ба гарданаш ҳалқа зада, гулўяшро буғӣ кард. Ў сарашро ҷунбонда гардан раҳо карданӣ шуд. Ҳалқаи ангуштони дарози Маҳмараҷаб тангтар шуданд. Марди маккор дар ҳамин ҳолат ҳам қасос гирифтанӣ шуд. Умматқул гулўи худро халос карда натавонист. Дар ғазаб шуда якбора сар хам кард ва ўро аз дўш партофт. Ў бо сар афтид. Умматқул пой бардошт, то ду-се лагад кўбад, вале аз фикраш гашта пой ба замин гузошт...
— Гиря накарда, гап зан, росташро мепурсам!
— Чӣ дурўғ гўм? Вай тўҳмат кардааст… Хезед, ҳозир наздаш меравем.
— Рафтан фоида надорад, лекин ту бояд ҳама чизро гўӣ!
— Охир, дурўғ! Тўҳмат! Худи вай мардаки пасти шўрандоз аст!
— Ў ба ман ҳамаашро гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё