Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Чанд рўз гузашт, наварўс – Талъат ҳамроҳи хоҳаршўяш Гавҳар ризқҷўӣ баромаданд. Талъат куртаи ласи сурх, кафшу маҳсии нав пўшида ва рўймоли фаранги осмонранг баста буд. Аз танга дар гардан овезае дошт. Ба чашмон сурма кашида ва ҳам шукуфта буд: ҷилва дошт. Холи кабуди сари рухсор ва зулфони каҷи бари рўяш ўро ҳусн зам кардаанд. Гуфтори ў мисли рафтораш хуш буд. Дар ҳар даре, ки Талъат сухан кунад, Гавҳар диққат медод, завк мебурд, ҳама чизро фаромўш мекард. «Шодии бечора зиёд шавад, забонашро мегазад» мегўянд. Онҳо ба даре рафтанд, ки садои гиряи баччаи нозгунҷ меомад. Модараш барои ором кардани ў мегуфт:
— Хап шав, набошад, ҷўгӣ ба халтааш андохта, бурда мехўрад... Гўям, омада барад?
Баробари шунидани ин сухан Гавҳар ба янгааш нигоҳ кард.
Талъат қадам боздошт. Хеле мулоҳиза кард ва баъд дарвозаро тела дода даромад. «Ана нагуфтам?» ба кўдакаш муроҷиат кард зан. Кўдак фарёде баровард ва паси домони модар руст шуд.
Гавҳар аз китфи Талъат дошта пас кашид. Онҳо садақае наталабида, баргаштанд. Андешаи онҳо гўӣ сангро мекафонд...
Соҳибони боғҳо дар авҷи баҳор аз ҳавлиҳои танг ба боғҳои кушоду дилрабо ва сабзазори пуртароват мекўчиданд. Тоифа ба оруҳои ба лонаашон чўбхаста ва мўрчагони ба хафолашон обрехта монанд шуд. Ҷое надоштанд, «косакуҷомонам» шуданд.
Чизу чора аз боғхона ба санглох кўчониданд, гўё аз соҳибони боғҳо ҳам ҷои кушодтар мехостанд. Вале дили Умматқул дар ин ҷои кушод танг шуд, шишта натавониста худ аз худ ба дашти кушодтар рафт. Буттаҳои шутурхор ва деҳқонҷорўби навнешзада ва сабзаҳо олами нав тавлидшударо мемонданд. Ба назар саҳро гоҳ ба махмали сабз, гоҳе ба беқасаби ранга ва гоҳи дигар ба биёбони хушки пурдаҳшат монанд мешуд. У саллона-саллона мерафт, сафараш маъние надошт.
Ду мард аз пасаш ўро маломат мекарданд:
— Ин сагро пеш аз тўяш яксара кардан лозим буд. Оқибат ба сари мо об мерезад. Талъатро ба болои занҳоям мегирам, гуфта будам, нашуд. – Ба марди алориш арз мекард марди гўшлаққаи қоқ чашмони фурўрафта аз паси Умматқул дўхта. — Ха-айр, вақташ меояд.
— Мон, чаққа нашав, бахташ хандидааст, – маслиҳат дод алориш.
— Ҳу... Бахт. Ба даст наафтонам, номамро мегардонам.
— Хайр, чӣ кор мекунӣ?
— Дар дастам милтиқ мебуд, волло, ки...
— Кори шайтон.
— Кори шайтон не, худаш шайтон. Ба сарамон ягон бало наорад, гуфта метарсам... Додош Худойқул-да!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё