Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фўтаи ў хеле суст будааст. Худойқул ўро пеш кашида-пеш кашида, фўтаро ба банди дасташ тоб занонд ва сахт дошта, тани ўро торафт ба худ ҷафс кардан хост. Самад ҳам нияти ўро фаҳмид ва худро наздик овард, то гоҳи бардоштан ба паси пояш по зада аз пой биафканад. Худойқул якбора чолок шуда ўро ба сурин гардонданӣ шуд, вале Самад ба суринаш наомад. Пас ў аз фўта дурусттар гирифта бо қувваи дасти чап ва зонуи рост ўро бардоштан хост, боз натавонист. Ҳамин вақт Самад нўги пои рост ба хами пои чапи ҷўгӣ андохта, ўро ба пушт тела дод ва ҳис кард, ки бо андак зўр ҷўгиро афканда нашавад. Ў дар ғазаб шуд, ки паҳлавони пирўзи майдони имшаба ба як махлуқи беписанди рўи олам зафар ёфта натавонад ва бо ў кашу пархош кунад. Дандон ба дандон монд. Бепарво ва хеле ботамкин гўштӣ гирифтани ҷўгӣ ўро пурғазабтар кард. Наъраҳои паҳлавонони афсонавӣ ба ёдаш омад ва сиву ду рагу пайро ба як ҷо ҷамъ карда, зўр зад, то ҷўгиро озод бардошта ба замин хобонад. Вале баробари зўр задан ҷўгӣ вазни гарон ба замин андохт ва Самад гумон кард, ки пойҳои ҷўгӣ ба замин фурў рафта. Ҷавонмард ўро якбора пахш кардан хост. Ҷўгӣ ўро ба худ кашида, афтиданӣ шуда, вазн пушт андохт ва пуршаст хоб рафта, Самадро ба рост гардода, худро ба рўи ў гирифт. Самад ҳам зўр зада ўро ғал гардондан хост, вале ҷўгӣ дасту пойҳояшро кушод дошта ўро пахш кард.
Худойқул нишастан хост, вале ба ў гуфтанд, ки давр занад, аз рўи гап хешовандони Самад орият карданд. Бародари Самад баромадан хост, вале Самад ўро боздошт: «Набаро, зўри беҳуда миён шиканад».

5

Худойқул ба писар гап намезад. Гапаш бошад, ба зан, ба духтар ва ё ба каси дигаре мегуфт. Умматқул маънии сухани падарро фаҳмида кореро иҷро мекард. Ў пас аз гўштигирии оншаба ба падар пурра тан дод. Тайёр буд, ки ягон хоҳиши ўро рад накунад. Вале падар боре ҳам аз ў хоҳиш накард. Умматқул модарро мобайн андохта, фаҳмиданӣ шуд, ки падараш аз нияти тўй гаштааст ё на? Чинӣ аз ин хусус бо шавҳар маслиҳат карда, хапу дам ба тараддуд даромаданд. Тўй сар шуд. Тўи оддӣ, тўи бечорагӣ, ки тўи «мурдагон»-ро мемонд: Умматқул дароз хобида буд. Дар паҳлўяш асову анбон меистод. Ҳар се – мурдаву асову халтаро як чиз дониста ба Талъат рўй оварданд:
— Ту ин мурда ва асову халтаро ба гардан мегирӣ?
Талъат аввал хеле карахт ва хомўш истод ва дар охир «Ҳа!»
гўён қабул кард. Баъд «мурда» хест. Он чи бозёфт доштанд, ба миён оварданд...

пешина
аз 429
навбатӣ