Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Аз гиряҳо сахттаринаш, аламовартаринаш ва баъзан хашмангезу ғашовартаринаш гиряи зан аст. Вале ҳоло ягон зан нагиряд, балки гиряву овози мошин ба гиряву садои зан монанд аст. Онҳо ба тамоми овоз ба ин гиря гўш андозанд ва ёд оранд, ки чунин гиряро дар мурдаҳои одамони боэҳтиром шунаванд. Шояд ин ҳама хаёлу нағмаҳо гиряи хомўши дили Қумрӣ бошад. Шояд андешаю хаёл ва ёдовар шудани Садафмоҳ бошад. Ё бошад, ки раис дар бораи командиру гузаштаи ў, дар бораи Додхоҳ фикр кунад, ки боз ҳамроҳ рафтани онҳоро афсона бофад, ё шояд аз занаш ибо карда ягон гап назанад, ки зан гапи ростро ҳам ба каҷӣ барад. Раис ба ҳамин гапҳо эътибор медодагӣ шудааст, ки фақат занҳо не, балки кулли инсон аҷиб: кунҷкоб, гапчин, гапбару гапбиёр, дасисабоз, ғайбатчӣ, шўрангез, боз «нависандаи» хаппак.
«Кӣ Додхоҳро аз роҳ мебароварда бошад?» таги дили раисро фаҳмидагӣ барин аз худ пурсид Қумрӣ, вале аз пеш намоён шудани пости ГАИ-и Фахробод ва суст гаштани суръати мошин андешаи Қумриро пароканд. Милитсионер ба раис салом дод ва баробари сар хам карда алейк гирифтани раис хаёлҳои дигар аз сарашон дур шуд. Ва баробари кўҳи буридаро гузаштани мошин ва рў ба нишебӣ овардани он андешаҳои Қумрӣ дигар шуданд:
баъди ним соат ў ба дидори падари бенафасаш расад. Дунё барои Мулло Шокир охир шуд; оқибати даву тоз, ҳиллаю найранг, нафсу нафас, росту дурўғ чунин будааст. Аммо ҳайрон, ки чаро раис ягон чиз нагўяд, дилдорӣ накунад; нагўяд, ки барои аз ин дунё зудтар рафтан мардум ин қадар шитоб кунанд, ҷони хеш дар азоб гузоранд; якдигарро коҳонанд, сўзонанд, ранҷонанд, гирёнанд, ба балоҳо гирифтор гардонанд ва хандонанд ҳам… ҳамааш... ҳамааш ҳамин... Ба назари Қумрӣ, ҳолиё раис ин ҳамаро гўяд; гўё ў вазифадор бошад. Қумрӣ хоҳад, ки ў мисрае, ки баъзе мавридҳо барои шинохтани худ ва кӣ буданро фаромўш накардан мехонд, ҳоло бихонад: «Оқибат манзили мо водии хомўшон аст». Рост...
Кист, ки дар ин хусус фикр накунад. Кист, ки андешаи маргро надошта бошад? Чунон бояд бошад. Лек зиндагӣ ширину гуворо бисёр чизҳоро ба гўшаи фаромўшӣ супорад; касро ҳозирбин созад.
Одамон гоҳе ки назди қабристонро гузаранд, ё ягон касро ба хок супоранд, анҷоми кори ў, давутозу такопўи ў, некии ў, бадии ў, содагии ў, найранги ў ва ҳамаи буду набуди ў, кардаю нокардаи ўро пеши назар оранд, андаке ба худ омада хештанро шиносанд; ва замоне ки гирифтор гарданд… Боқӣ ҳеҷ чиз пеши роҳи одамиро гирифта натавонад, ҳатто панду андарз ҳам... ҳамааш муваққатӣ, ҳамааш даргузар мисли худи одам. Лекин ин чиз бесабаб набошад.
Ҳама бало аз нафси одамӣ сар занад: аз ду нафс: нафси тагу боло.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор