Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Барои он ки Худо падаратро гирифтааст, бояд ба мардум пул диҳӣ – шукрона барин. Одати бад. Ҳам каси наздикат равад, ҳам... ба ҷои он ки ёру дўстон ба ту ёрӣ расонанд, ту бояд ба ҷанозахонҳо мурдапулӣ бидиҳӣ.
Гуфтаҳои модар ба духтар писанд омаданд. Аммо ҳамроҳ рафтану нарафтани модар таъйин нест. Қумрӣ донад, ки ў нияти рафтан надорад ва рафтанаш ҳам он қадар шарт нест, вале умед бандад, ки дар чунин лаҳза модар чӣ хел рафтор кунад. Қумрӣ як ҷашм пўшида кушод ва ба модар бо диққат нигарист, модараш андаке бегона намуд. Баръакс Мулло Шокир ин лаҳза падари ўст, Садафмоҳ бегона. Зеро падарро гум кард, азиз шуд; ҳоло ки модарро гум накардааст, дилаш пур.
— Худата ҳушёр гир, Қумрӣ,– калавидани ўро дида гуфт модар.
— Як назди раис рафта биёям, оча,– маслиҳат пурсид ў.
— Ба ин аҳвол?
— Мегузарад,– гуфта Қумрӣ ба хона даромад, модар низ.
Онҳо сандуқро кушоданд. Қумрӣ кафшу маҳсӣ ва либосҳои кабуди махсус барои ҳамин рўз тайёр кардашро гирифта, як сў гузошт ва ба модар фармуд, ки боқӣ ҳар чӣ барои мурдаи падараш лозим бошад, бигирад. Садафмоҳ як тўб чити таксафеди кабудгулро гирифта як сў гузошт. Тагтари сандуқро кофта, ду дарза пули панҷсўма баровард. Қумрӣ карахт шуд ва дилаш гирист аз рафтори модар. То модар оби дидааш набинад, ба хонаи дигар гузашта либосҳояшро иваз кард: ба ҷои куртаи атлас куртаи чити кабуд пўшид, тоқии зардўзӣ аз сар гирифта қарси сафед баст, ба ҷои мўзаи хироми сиёҳ кафшу маҳсӣ пўшид ва ба модар чизе нагуфта аз дар баромад. Модараш, ки аз азми ў бохабар буд, «аз раис мошин пурс» гуфта таъкид кард.
...Қумрӣ тақрибан баъди ягон соат баргашт. Модарро дар либоси мотамӣ дида ҳайрон монд, вале сари зуъм ва хафагӣ чизе нагуфт. Даромада тўби чити дар суфи сафед печонидаи модарро бардошт, дарзаҳои пулро ба сумкааш андохт ва баромада лаби кат андармон нишаст, ки ишораеро интизор бошад.
Аз кўча садои мошин баромад. Қумрӣ тўби читро бардошта баромад.
— Ман наравам? – хомўш баромадани духтарашро дида гуфт модар.
— Худат донӣ,– ҷавоб дод Қумрӣ ва рафт.
Садафмоҳ аз паси духтар баромад. Дар мошин раис ва занаш нишаста буднд. Садафмоҳ бо онҳо салому алейк кард ва ба мошин нишаст.
Мошин ба роҳ даромад. Ҳама хомўш буданд. Фақат вақте ки мошин ҳамвориҳои Вахшро сипарида, ба ағбаи на чандон баланди Фахробод рост шуд, садои он як шевани занонаеро ба хотир овард, ки ба фироқи наздиктарин кас ё ба марги он месўхт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор