Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои ҳамин чиз шуда мавридаш ояд, одамӣ одамгариро фаромўш кунад. Балоҳо аз ҳамин ҷо сар зананд. Вале дар раису Қумрӣ ҳеҷ гуна нафсе набуд, гўё нафси онҳо шикаста ва мурда буд. Мекўшиданд, ки корашон, меҳнаташон беминнат бошад. Табиати онҳо тамоман дигар буд, табиате, ки аз рўи рисола бани башар дошта бошад: раҳим, фурўтан, шикастанафс... Барои чунин хислат шарт набуд, ки онҳо ҳар сари чанд вақт қабристонро гузар кунанд. Ба ҷои ин ба мададу ёрии касе мерасиданд, вагарна фурсат ва вақти мурдарабозӣ нест, жолаи дирўза кори саҳроро тамом карда буд.
«Шояд раис барои зудтар баргаштан моро бо мошин оварда бошад?» аз дил гузаронд Қумрӣ.
— Духтарам, бисёр меистӣ? – магар тамоми роҳ чунин андеша дошт, ки пурсид раис.
— Намедонам,– ҷавоб дод Қумрӣ ва боз хеле роҳ хомўш монданд, сонӣ аз раис гап гирифтанӣ шуда пурсид ў: – Чӣ буд?
— Ҳамту мепурсам...
Аммо раис ба саволаш ҷавоб гирифта натавонист. Мошин аз роҳи калон ба роҳи хурд баргашт ва садои гиряву фиғон баромад. Қумрӣ худдорӣ карда натавонист. Ронанда дуртар аз дарвоза мошинро дошт ва онҳо фаромаданд. Мардуми миёнбаста, ки назди дарвоза меистоданд, ба раис кўчабоғи зинда шуданд, ки вай ҳам ба ҳавлӣ даромада як назар мардумро бинад ва ёде аз Мулло Шокир кунад. Ва баробари аз дарвоза дохил шудан фиғони занҳо баромад, Санам пеш омада худро ба гардани Қумрӣ овезон кард ва чунон онҳо гиристанд, ки одами нагириста намонд. Санаму палонҷҳои Садафмоҳ гардани ўро гирифта хуб гуфтанду гиристанд, аммо Садафмоҳ дар бораи Мулло Шокир не, дар бораи Тўтӣ мегуфту мегирист. Санаму Қумрӣ ҳам дар бораи Мулло Шокир гуфта гиристанд ва ҳам дар бораи Тўтии аз зиндагӣ наосуда. Дергоҳ гуфтанду гиристанд, сонӣ Ҳурбибӣ омада гардани Қумриро гирифт, вале Қумрӣ ўро дида наметавонист, ки ин занак дар либоси мотамӣ ҳам хушрўй тобад. Аммо вақте ки Салимаи пир дилу бедилон омада гардани Қумриро гирифт, вай диққат дод, ки танҳо дар бораи духтараш – Ҳалимаи ғўрамарг гўяду гиряд. Номи духтарро гирад, гуноҳи худро гўяд ва иқрор кунад, ки духтар бо дасти худаш кушта шуд.
Дар мотаму дафн ҳама ҷамъ омада буданд, ҷуз Тўтию Ҳалима.
Ҳатто Юсуфҷону наберааш Умед ҳам расида омаданд. Мулло Шокир ҳам дар зиндагиаш аз ҳамин хусус афсўс мехўрд, ки агар ин ду ҷигарбандаш намемурданд, вай ин қадар бармаҳал пир намешуд, дар пириаш бештар аз он афсўс мехўрд, ки дар ҳаққи кўдаконаш ношукрӣ кард, барои ҳамин ба нохуни фарзанд зор шуд. Рўзи маргаш ин чизро ёдовар шуда, дарёфтанд, ки Мулло Шокир низ дил доштааст.

пешина
аз 429
навбатӣ