Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Нашудагӣ кор шуд, оча, таъна назан.
— Таъна не... Ин таъна не, дарс. Кўр асояшро як бор гум кунад.
— Рост,–суханони модарро тасдиқ кард ў ва бархест, ки биравад. Ҳамин вақт мисронча дар даст Додхоҳ боз аз дарвоза ворид шуд.
— Меравӣ?... Ман ҳамаашро фаҳмам: дилат тоқат надорад.
Батар аз ҷудоӣ рўзе нест…
— Агар ту бисёр хоҳӣ, меравам,– сухани модарро то охир гўш карда гуфт духтар.
— Ихтиёрат,– бепарвоёна гуфта дастархонро ҷамъ овард Садафмоҳ.– Ман туро гуфта, ҷои гармамро хунук кардам,– дар овози модар андаке оҳанги норозиёна омад.– Тўтӣ ҳам барои ман фарзанд, аз паи вай нарафтам, аз паси ту кашол шудам. Медонистам, ки пояи бинои булҳавасонаю худсарона сохта пойдору устувор нест... Ҳатто дадаатро партофта омадам...
Садафмоҳ дилсўзона «дадаатро партофта омадам» гуфт, «падаратро» нагуфт. Қумрӣ фаҳмид, ки гап дар бораи шўйи модараш равад, дар бораи Юсуфҷон ва баъди ин гап боз хотири Қумрӣ ба дуриҳо парвоз кард: ёд орад, ки моиндараш Салима шаҳодатномаи таваллуди ўро чӣ хел пора-пора карда ба танўр андохта буд.
Ва баъди чанд рўзи моҷаро падараш Мулло Шокир як халта орд оварда, меҳмон шуда, аз Юсуфҷон илтимос кард, ки фамилияи Қумриро ба номи худаш гардонад. Юсуфҷон ин хоҳиши ўро ба ҷо овард ва аз ҳамон вақт фамилияи Қумрӣ на Шокирова, балки Юсуфова гашт: Юсуфова Қумрӣ. Ин номро дар саросари республика ва берун аз ҳудуди он шиносанд. Ҳар боре, ки сурати вай дар газетаҳо барояд, ҳар боре, ки овозаи ба ҷоизаю унвонҳо соҳиб шудани ўро эълон кунанд, Додхоҳ ору номус кунад; аз чунин зан доштан нангаш ояд, вале пинҳон-пинҳон дилаш сўзад. Вай ор кард, номус кард, занашро «номусулмон» хонд ва дигар ба ин даргоҳ қадам намонд. Ба хаёлаш, ки мардӣ карда ин ҳавлию ҳарамро ба зану фарзандаш мерос гузошту рафт, ба автобазаи район ба кор даромад. Ҳамон мошине, ки саропои раису дигаронро об пошида гузашт, мошини автобаза буд. Доғи либосро бардоштан чандон душвор нест, аммо доғу ғаши дилро бардоштан амрест муҳол. Рафтори ношоистаи ронанда дили ин марди куҳансолро ранҷонд ва бори дигар тўҳмату бўҳтонҳои ин ноҷавонмард ба хотираш омада дилаш фурўтар рафт. Қумрӣ аз ҷониби вай шарм дошт ва саҳл монда буд, ки ба ҷои ў аз раис узр пурсад, аммо ба хотир овард, ки ў кайҳо бегона шудааст, аз нияташ гашт. «Парво накун, духтари командир» хиҷолат кашидани ўро пай бурда гуфт раис ва рўҳи Қумрӣ бардошта шуд, ки раис вақтҳои хушнуд буданаш ўро «духтари командир» гўяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор