Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маъниаш рўшан: навозиш ва рўҳбардорӣ.
Онҳо сар-сари воту мазраъҳо гаштанд. Қитъае набуд, ки жола назада бошад, парторгу агроном, ки нисбат ба раис ҷавонтар буданд, пештар аз раис киштзорро давр гашта баромаданд, ягон ҷои обод надида, димоғсўхта баргаштанд. Димоғи раис низ дуд мекард, лунҷҳояш овезон гашта буданд. Тораҳои абрўяш гўё ба дили ў нигоҳ карда, рўи чашмон хамида буданд. Аз ҳама безеб ва барои раис бегона доғи плашаш, ки аз қатраҳои лойобаи роҳ боқӣ монда буд. Ў дастбапушт ва сархам мерафт. Чунин роҳ рафтани ўро ҳама донанд, донанд, ки дар чунин мавридҳо андеша кунад, нақша кашад, хулоса барорад. Гўйӣ ҳама чизро фаромўш кардааст, ҳамроҳонро аз ёд баровардааст, ба касе нигоҳ накунад, чизе напурсад, ҳарфе назанад, ба худ гирифтор аст, мисли касе, ки ба мотами фарзанд нишаста бошад.
— Ин тарафаш аз ту вобаста, духтари командир.– Гўё то ин вақт ҳамин чизро мулоҳиза карда бошад, ба Қумрӣ рў овард раис.
— Мо дигар ба ҳамдигар кор надорем, падар,– аз хиҷолати кори кардаи шавҳар набаромада, фармуд Қумрӣ.
— Мон, дигар дар борааш фикр накун. Гапи дигар: пунбадонаро аз нав коштан лозим.
— Ин хизмати ман, ҷонро дареғ надорам...
Солҳои пуразоб паси сар шуданд. Ташвиши пахтакорӣ ҳамасола аст, вале машаққати имсола камтар аз уқубату ташвиши корзору ақибгоҳ набуд; пахтакорон шаборўз хобу ором надоранд. Айнан солҳои ҷанг барин: он солҳо мардум ҳатто дамгирак надоштанд; як пора нони пайдо кардаро росто газида, кор мекарданд. Азоб.
Муҳаммадалӣ чунин азобро ба азоби корзор баробар хонад. Қумрӣ монанди азоби қисмати модар донад. Азоби модар аз Мулло Шокир ҷудо шудани ў набуд, балки ба аскарӣ рафтани Юсуфҷон ва нобарории рўзгори Тўтӣ буд: Ба Тўтӣ хостгор баромад – марди пири ланг. «Даллолҳо» сари Мулло Шокирро гардонда ва ақли Садафмоҳро дуздида, Тўтиро ба он марди ланг бахшиданд. Ва гуфтанд, ки зиндагӣ вазнин шавад ҳам, Тўтӣ бемардина намонад; чун ҷавонзанҳои бевамонда азоб накашад – мардакаш дар паҳлўяш... Ҳа, ҳаволааш ба худо. «Паҳлўи зани ҷавон тир беҳ аз марди пир». Тўтӣ ҳамин чизро аз рўзи аввал ҳис кард. Аввал қисмату тақдир гуфта сирро аз модараш пинҳон дошт. Мисли тарбузи лалмӣ дарунашро хўрд. Ва модар, ки рўз то рўз заъфаронӣ гаштани ранги рўи ўро дид, ҳол пурсида, аз қисматаш огоҳ шуд ва дар ин кор худро гунаҳгор дониста, сар ба девор зад, то ба Тўтӣ тасалло шавад, аммо суде надошт. Ў Қумриро дошта, гўё Тўтиро ба падараш Мулло Шокир дода буд. Сонӣ пушаймонӣ суд накард.

пешина
аз 429
навбатӣ