Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қумрӣ ба танг омад, ки чаро модар аз омадану рафтани ў гап назад. Мақсаду мурод аз ин ташриф чӣ бошад.
— Ў чӣ-ба омада буд, оча? – оқибат тоқат накард духтар.
— Нафаҳмидам,– китф дар ҳам кашид Садафмоҳ.– Ба назарам сари мастӣ омада буд.
— Пушаймон-ку набуд?
— Одами пушаймон шуда ҳар корро аз сар андеша кунад. Одам хато мекунад, лекин дидаю дониста хато кардан авфнопазир аст.
Агар узр мехоста бошад...
— Оча!
— Чӣ?... Ҳоло ҳам дилат кашол?
— Не. Беҳтараш дар ин хусус гап назанем.
— Гап назанем, намезанем. Ман ҳам он қадар дили гап задан надорам.
Садафмоҳ луччаку пўсткандаи гапро гуфт. Духтар наёрист гапро кашол диҳад... Пеши назараш паррандае чун арвоҳ мегашт.
Баъди хеле вақт сарфаҳм рафт, ки парвонае бузургтар аз парвонаҳои муқаррарӣ ва хурдтар аз шабпар гирди чароғи электрӣ гардад ва ҳар гоҳе ҷонвар миёни чароғу дидаи Қумрӣ омад, сояаш ба чашми ў афтад. Қумрӣ дар бораи шамъу парвона бисёр шунида буд, аз ин рў хеле ва хеле диққат дод. Акнун ў баробари парвона нигоҳашро гирди чароғ гардонад. Ва хаёлаш ба ишқу ошиқӣ равад.
Сўҳбати модар, гуфтаҳои ўро бори дигар ёд орад ва яқин дорад, ки Садафмоҳ дигар дар ин хусус гуфтугузор накунад. Роҳ нишон надиҳад, балки фақат таъна занад: барои якравӣ, барои якпоя истода мавҷуд будани ишқро исбот карданаш, барои ишқи нокоми Лайлию Маҷнунро далел оварданаш... барои ҳама-ҳама кирдору рафторҳояш сарзаниш кунад ва чуноне ки бо домод кард, бо ў низ кунад, ки оқибаташ норавшан. Парвона гирд гардад, баъзан нўги параш ба лампочкаи тафсон расад ва он як бар зер хам хўраду боз боло шавад; ҳароратро ҳис накунад, сўхтан написандад, худро ба оташи ишқ занад, аммо ин чиз барои Қумрӣ бегона тобад; айём гузашта, ў на чу парвона хештан бар оташ занад, на мисли шамъ сўзад, балки монанди муми он об гашта ба қади хеш резад...
— Гуфтам-ку, дилат кашол бошад, рав…– Дилсўзӣ буд ё талх гуфт модар, аммо сухани ногаҳонии модар хаёли духтарро пароканд, ўро як қад парронд.
«Хайр, намак пошидан гир» дар дил гуфт Қумрӣ, аммо сухани модарро ношунида ангошта аз парвона чашм наканд.
— Дар ҳаққи парвона ягон чиз медонӣ, оча?
— Боз ин кадом парвона? Яктеш кам буд?
— Парвонаи парсўхта.
— Ҳо, медонам, як парвона ту, як парвона вай.

пешина
аз 429
навбатӣ