Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Савор ин ҳолатро надид, тозиёнаро чаппа гирифта ба фарқи сари гург фароварданӣ буд, ки гург фориғболона пойҳои ақибашро рост карда, ду-се қадам дур рафт ва нописандона боз қарор гирифт. Савор тозиёна ба дасти чап гирифт ва дасти рост хам карда мерафт, ки мазмун, корд дошт.
Гург ба замин парчин шуд, маълум, ки ба ҳуҷум омода гашт.
«Нарав!» фарёд задам. Вале мардак чӣ дилпурие дошт, ки ў низ мисли гург хам шуда. ба ҷанги ин дарранда омода гашт. Як назар дидам, ки гургҳо ҳоло ҳам аспро пеш андохта гирд гардонданд.
Ғами асп набуд, дар наздиктар ҷанги одаму дарранда мерафт.
Мардак китфу бозу бардошта худро бақувваттар гирифт. Гург якбора барҷаҳид ва ман дидам, ки чӣ хел одамиро зада яксони замин карданӣ шуд. Аммо одам гургро реб дод: якпаҳлў афтида, кордро дар шиками вай дошт. Гург аз болои вай ҷаҳида гузашт ва одамиро афтида пиндошта, баргашта ба вай ҳуҷум овард. Ман беихтиёр ба вай наздик шуда будам, дидам, ки гург чӣ гуна ба мардак даҳон андохт, ки даст ё рони ўро канда партояд. Сагона садои пурхашм бароварда, сарашро ба ду тараф зуд-зуд афшонд.
«Хўрд» аз дил гузаронидам. Дод ҳам задам, ки ба мардак мадад шавад. Одаму гург чанг ба чанг буданд. Дидам, ки дасти тозиёнадори мардак ба даҳони гург фурў рафт. Ҳушам рафт. Хаёл кардам, ки гург мардакро аждаросо фурў кашид. Дасти мардак то оринҷ ба даҳони гург рафт, сонӣ мардак ба замин афтид. Гург дар болои ў буд. Сурате буд, ки гўё гург дасту пой ба танаи хобидаи мардак тира монда, зўр мезад, то аз гўшташ канда хўрад. Аммо даҳонаш кор намекард; дасту пой зада, ханчол кашида, сару рўй ва танаи мардакро чок-чок карданӣ буд. Аммо мардак даст ба гулўи гург фурўтар медод ва корди дасти росташ кор мекард...
Кавшҳо аз поям баромада, даруни барф монданд, парво надоштам, ба майдони муҳориба наздик шуда, зуд аз ду пои гург дошта озод бардоштам. Мардак ҳоло ҳам ба шиками гург корд мезад. Ман ҳар замон ба гурги дигар менигаристам, ки ногаҳон ҳуҷум наоварад. «Гардон!» гуфт марди ношинос. Ду пои гургро тоб дода ба паҳлў гардондам. Гург дароз хобид, дасти мардак ҳоло ҳам то оринҷ дар даҳони гург буд. Ў дастро кашида гирифта натавонист. Ишора кард, ки ҷоғҳои гургро ба ду тараф кашам.
Ҳамин тавр ҳам кардам; ҷоғҳо чунон дасти ўро пахш карда буданд, ки дандонҳо ба банди дасташ рафта, қуфлу калид шуда бошанд.
Зўр зада, дандон ба дандон монда ҷоғҳои шахшудаи онро ба ду тараф кашидам. Мардак дастони озурдаро бо азобе аз даҳони даррандаи хуфта кашида гирифт. Остинаш лах-лах ва банди дасташ ажғо-ажғо буд. Гург ҳам хобид, мардак ҳам. Гурги дигар ҳайрон, чукка зада буд, Дуртар дар доманаи адир чор дасту пои асп боло ва гургхо шиками онро чок кардаанд.

пешина
аз 429
навбатӣ