Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

«Хўрданд...» ба мардак фаҳмониданӣ шудам. Мардак як сар бардошт ва бо чашмони сар он манзараро дида, «бояд хўранд»
гуфт... Ва аз нав сар ба рўи барф гузошт. Бими онро доштам, ки гургони маст ҳамаро монда сўи мо ҳуҷум наоваранд.
— Ака, бихез, ака! – гуфтам ба марди ношинос, ки паҳлўи гурги мурда камтар аз мурда набуд. – Акаи қиёматӣ бошӣ... Бихез! – такрор кардам, аммо ў наҷунбид.– Ака, бихез, ки хунук гузаронад,– гуфтам ва хунук хўрдани поямро ҳис кардам.– Ака, барои мо азоб кашидӣ, илоҳӣ барака ёбӣ!..
Дар ҳақикат хунук хўрд, ки ларзид ва дастонашро сўи ман дароз кард, то мадад кунам. Аз дасташ дошта бардоштам. Ковок шуд, қоматашро рост кард. Сару рўяшро молид, сонӣ дастони хунолудашро рўи барф дошта гўё ки дар равшаноии он захму хуни даст медида бошад, қоматашро рост накарда зеҳн монд. Магар хунро дида сараш каловид, ки дароз парид. «Ака!» гўён дод задам ва ба назарам намуд, ки аз ғазаб барф мегазад. Боз аз гапи ман мадад гирифт, ки сар бардошт ва оҳиста ҳасратолуд сўи асп нигарист, «Аспи хуб буд» гуфт, сонӣ даст афшонд: «Қисматаш».
Санам кавши маро ёфта овард. Духтарҳо низ аз паи ў омаданд.
Мардак одами зиёдро дида хоҳиш кард, ки гургро зери барф гўр кунем. Ин кори душвор набуд, лекин духтарон аз мурдаи гург ҳам тарсида наздик нашуданд. Ману Санам дар як они воҳид ин корро ба ҷо овардем ва ба мардак халал нарасонидем, то аз манзараи аспхўрии гургон чашм канад; бисёр ба ҳасрат ва андўҳ менигарист.
— Намеравем, ака?
— Ҳа-ҳа...–ба худ омад ў ва калавида-калавида ҷониби деҳа равон шуд. Ману Санам аз ду паҳлўяш дошта мерафтсм.
— Надоред мара, айб,– гуфт ў ва гашташро тсз кард.– Аз паси ман омадан гиред.
Мо аз паси ў равон шудем. Вале як чашми ман аз гургҳо канда набуд: онҳо сер шуда, ҷо-ҷо чукка зада буданд, парвои моро надоштанд. Ва чун фаро расидани рўзро пай бурданд, паи ҳам қатор шуда сароқир боло рафтанд.
— Марҳамат, ин ҳавлии мо,– хонаҳои похсагии қаторро нишон дода гуфт мардак.
— Раҳмат, акаи қиёматӣ, бевақт шуд...
— Кўдак нестед, ки ба гап дарорам. Марҳамат,– гуфта ў дарвозаро тела дод. То надаромадем, аз дарвоза дарун нашуд.
— Акаи қиёматӣ мегўиву ба хона намедароӣ...
— Охир худатон мефаҳмед...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор