Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Одати гургон ҳамин, ки сайдашонро монда карда баъд якбора ҳуҷум оварда аз пой афкананд, аз гулў гиранд ва шикамашро чок кунанд. Ҳоло бо савор ҳамин хел рафтор кунанд. Қасдашон фақат барои асп не, балки саворро низ луқмаи хом карданианд. Ба назарам, аз дави асп маълум буд, ки монда шудааст ва чунин намуд, ки гургон ба навбат даҳон андохта аз рони асп луқмаҳо гиранд. «Аз барои мо» аз дил гузарондам ва поям накашид, ки дигар ҷониби деҳа равам. Асп медавид, савор лаҷоми онро гардонида наметавонист, инони асп дар дасти гургҳо буд. Онҳо аспро ба адир рост кардан хостанд (гург аспро дар ҳамвори афтонида натавонад, аспро ба адир барорад, сарнишеб кунад, аз думаш дошта кашад, сонӣ, якбора сар диҳад, асп ба калла рафта занад ба замин ва гург аспро пахш карда аз гулў гирад). «Ҳу-ҳу-ҳў!!!» базўр овози савор омад, аз афти кор ёрӣ мехост. Мани гаранг ба ҷои ин қадар истодан ҳоло ба деҳа расида ҳамаро хабар карда будам.
— Шумо ҷониби деҳа рафтан гиред, ману Санам рафта ба мардак ёрӣ медиҳем,– илоҷи дигаре наёфта гуфтам ба духтарҳо, вале онҳо розӣ нашуда баробар ба ман часпида, дод заданд. Фиғони онҳоро шунида Санам низ розӣ нашуд. «Намешавад, янга, гурги каму ғам?» гуфт ў.
— Охир аз барои мо савор ба ин бало печид! – хитоб кардам ба Санам. Вай хеле сархам истод ва баъди чанд муддат ба худ омада «Қисмат чунин будааст» гуфт...
Асп рўй ҷониби мо оварда чунон тохт, ки тамоми фурсати дар ин барфзор буданаш чунин тез надавида буд. Гургҳо низ аз асп тезтар тохта нагузоштанд, ки вай ба роҳ барояд. Асп ба мо наздик омад. Яке савор лўнда шуда аз болои асп ба замин зад.
Гургҳо андак парешону канор шуданд ва боз аз пайи аспи гурезон тохтанд. Як гург бозистод ва рў ба рўи одам чукка зада нишаст.
Гургҳои дигар аспро иҳота карда ҷониби теппа ронданд. Аспи танҳо ва бесоҳиб шиҳа кашид, ё гургҳоро таҳдид кард ва ё соҳибашро расонд,то ба ёрӣ расад. Магар савор ноларо шунид, ки аз байни барф ҷунбид. Мо аз тарс надонистем, ки чӣ кор бикунем. Ў миёнашро дошта ба по шуд ва сонӣ мисли шери ба ҳуҷум омода гашта андаке сарашро хам карда китфонашро бардошт, тозиёна болои сар давр занонда ба ҳуҷум гузашт. Гург наҷунбид, мазмун, зўри худ ва зўри одамиро медонист. Ман тоқат карда натавониста аз ҷои истодаам «Ҳа-а-а!» гуфта дод задам, аммо гург писанд накард (гўянд, ки гургро зан эътибор нест!!). «Нарав, ҳо-о мардак, нарав!» аз ҷои истодаам дод задам, аммо мардак аз гург ҳам батар гапи маро гўш накард. Аз роҳаш нагашт. Аз рўи рафтораш он даррандаро ду дарронидан мехост. Ў тамоман ба гург наздик шуда буд. Як гурги дигар он тарафтар ҳолати онҳоро дида, чукка зада нишаст ва яқин буд, ки дар фурсати танг ба ёрии ҳамроҳаш расад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор