Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Мон, равад, дафъ шавад, аз талъати шуми ў безор! – ба занаш рў овард ў.
Умматқул хомўш назди падар омад ва бо овози ларзон гуфт:
— Ота, фотиҳа бите, ра-ва-ам...
Бадани падар ларзид, вараҷа кард ва ў оҳиста паси дарвоза шуд.
Умматқул дергоҳ дар тангкўча истод. Сардии ҳаво ба устухони Чинӣ кора кунад ҳам, надаромад. «Биё, баччам, вай калон аст, падар аст, ту бояд ба гапи ў гўш бикунӣ» даст ба китфи Умматқул монда гуфт модар. Умматқул, ки дергоҳ андеша дошт, сухани модарро накушта, қадам андохт. Оташи миёни хона хомўш гашта, сардии хона аз берун кам фарқ дошт. Чинӣ бо осўхтае дили қўру хокистарро кофта, пойҳои сармохўрдаашро доштанӣ буд, вале аз зери хокистар лухе пайдо нашуд, баъд ў кафи пойҳояшро ба хокистари гарм монд. Аввал хунукӣ то фарқи сари ў давид, баъд пояш мисли ях об кушод, ки сўхт... Чинӣ мавзўъ ва андешаҳоро дигар карданӣ шуда ба гап даромад:
— Худойқул, пагоҳ тўи калон мешудааст… – вале аз шав- ҳар ҷавобе нашуд, – Шарифзода гўштӣ медодааст...
Худойқул зуъм карда харҳоро хабар ҳам нагирифт. Дар гўшае лўнда зада, ҷома ба сар кашид. Дигарон ҳам ҷо-ҷо ҳалқа заданд.
Вале Умматқул хоб нарафт. Ў истод-истоду бархоста берун баромад. Чинӣ баромадани ўро дида, хеле нигарон шуд. Чун бознагашт, модар аз паҳлўи духтар хеста, берун шуд. Ба кўчабоғ баромад.
Умматқулро надид. Парешон шуд. Ба роҳ нигарист, ки нақши баромад ҳаст, ё на. Нақши тозае пайдо накард. Боз ба боғ даромад ва чашмаш ба пайе афтид, ки дар барф фурў монда, ба сўи девор рафта буд. Ў ҳам бар нақшҳо пой гузошта рафт ва аз сари девор ба боғи ҳамсоя нигарист. Дар он боғ Умматқулро дид, ки рў-рўи барф қадам мезад. Дам ба дам сўи боғхонаи Талъат менигарист.
Чинӣ хеле нигарон истод, баъд хунук хўрд, ки «Умматқул!» гўён ҷеғ зад.
Умматқул баргашта нигарист.
— Биё, баччам, мана хунук мегузаронад.
— Рав, оча, ман баъд меоям.
— Не, биё, Умматқул, то ту хоб накунӣ, хобам намебарад.
Сардии шаббода ба Умматқул таъсир карда буд, бинобар он модарро нигарон накарда, аз девор гузашт ва ҳамроҳ ба боғхона даромада, хоб рафтанд.
Рўзи дигар, гуфтаи Чинӣ барин, Шарифзода тўи калон дод.
Рўзона маърака омада рафт ва шаб базму кундаалоб шуд. Ҷўгиҳо ҳам рўзона омада ош хўрда ва нону мавиз гирифта рафтанд ва шаб ба базм омаданд. Чун офтоб фурў нишаст, ба болои тўби ҳезум карасин рехта гўгирд заданд ва ҳезум оташ гирифта, аланга зад.
Ҷавонон ва баччаҳо «Ёр-ёр»-ро сар карданд. Яке байт мегуфт ва дигарон баробар қарс зада «Ёр-ёр» мегуфтанд ва дар ҷое, ки байтгў баланд садо медод, нақарот авҷ мегирифт ва боз паст шуда ба як маром иҷро мешуд.

пешина
аз 429
навбатӣ