Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Талъат аз он тараф омад. Дар зери шуъои моҳи аз зери абр баромада бинии нафису теғадораш пеши чашмони Умматқул ширину зебо намуд. Ҷавон сари девор шуду якбора аз мақсад сар кард.
Талъат, ки чизе намефаҳмид, бо тааҷҷуб ба вай нига- рист...
Сўҳбати онҳоро садои дағали Худойқул, ки занона дашном медод, бурид:
«— О, ҷавонмарг, ҳамаро ба бузбозӣ андохта, чӣ номаъқул мекунӣ? Мерафтагӣ бошӣ, дафъ шуда рафтан гир!».
Писар ҷавобе надод. Талъати ҳайрон «намефаҳмам» гуфта худро паси девор кашид. Умматқул чанде зеҳн монд, баъд оҳе кашиду қадам зад. Боз ду қувваи пурзўре аз китфони вай дошта мекашиданд: модар ва хоҳараш. Онҳо мегиристанд. Рафтани Умматқул барои модар сахт буд. Вай он қадар фарзанди зиёд надошт. Бисёриаш дар оворагиҳою гушнагиҳо мурданд, духтари калониаш баъди он гап аз тоифа ҷудо шуд. Акнун чун тухмӣ ду кас мондааст, ки Чинӣ қадаме дур шуданашонро нахоҳад.
— Баччам, куҷо мерӣ? – бо овози ларзону шикаста пурсид модар.
— Оворагӣ бошад, оворагӣ, рафтан мегирам, ба куҷое поям барад.
Норҷон, ки мисли ҷўгиён ба хунукиҳои сахт аз тифлӣ омўхта нашуда буд, пойҳояш нам кашида, баданаш дам ба дам ларзидан гирифт. Ў фикр мекард, ки рафта аз банди пои Умматқул дорад ва таваллою зорӣ карда, нагузорад, то дур равад, вале мебинад, ки ў гапи модару хоҳарро намегирад, худро қафо кашида, ба ин кор шарик намешавад.
Талъат ҳам ин моҷароро аз паси девор гўш меандохт. Чун бовар кард, ки азми Умматқул қатъист, ангушт ба даҳон гирифта, сахт газид.
— Мо мардуми беномус, оча, – боз ба гўши Талъат овози ҷавон расид, – номусамонро ба як каф ҷаву гандум ва ба як бурда нони қоқ фурўхтаем. Аз гадоӣ шарм намедорем. «Садақа – радди бало» гуфта дар хонаҳои мардум мурдаи худро партофта шиштан айб нест, вале номусу шарафи худро ҳимоя кардан, кор карда нон ёфтан – айбу шарм... Оча, таънаҳои мардум аз ёдат рафт?
— Не, баччам, намеравад...
— Вале бузғолаю камари осиёбро дуздидани падар ва ба сагони гўштмаст гўшти рон дода, лошаи аспи ҳаромро аз даҳонашон кашида гирифтанаш аз ёди шумо рафт. Ҳамин тавр не?!
Гўё ба паси гардани Умматқул шамшере зада бошанд, сар ба зер афганд. Дергоҳ сархам истод. Дигарон низ хомўш буданд. Чанд нафари дигар дар дами дарвағна меистоданд. Боди саргардон барфи лаби бом ва шохи дарахтонро чанг-чанг ба сару рўй меовард.
Вале оташи ғазаби Худойқулро фурў нишонда наметавонист. Сари синааш шину хез дошт. Меларзид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё