Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъд хурду калон гирди оташ омаданд, базми асосӣ сар шуд. Ба рўи оташ сар-сар кунҷораҳо гузоштанд ва аз зўрии ҳарорати оташ давра васеъ шуд. Баъд он қадар ки давра тафсид, мардҳо масти базм шуда «Й-ҳа-ҳа»-ро сар карданд.
Чорқарс зада якеро ба миён оварданд ва баробар хаму рост шуда, арғуштгарро шинонда, хезонданд. Соҳибтўйҳо ва хешу ақрабо ва ҷавонмардони олиҳиммат ба касе, ки гирд-гирди оташ арғушт равад, пул часпонданд. Мардҳои чобуке ёфт буданд, ки либоси занона ба бар карда, дар сари синаашои аз пахта сина сохта ва дар сар рўймоли ғиҷим партофта ва ду бари онро зери дандон газида мерақсиданд. Акси ҳол ҳам мешуд, ки занҳои шўхтабиат мўза пўшида, ҷома ба бар карда, фўта ба миён баста ва мўй зери телпак гирифта, баромада мардона рақсиданд. Давра тафсид.
Соҳибтўйҳо бар оташ чархҳои кўҳнаи мошин гузоштанд. Чархҳо дуди сиёҳ бароварда аланга гирифтанд ва бўи ғализи резин паҳн шуд. Баъд аз паҳлўе дар гирди оташ як тўда харгўшҳо даромаданд. Яке бузургтар буд. Онро оча меномиданд ва чанди дигар хурд-хурд аз зери шиками он ба ду тараф гузашта бозиҳо карданд.
Инҳо ҷавонони шўх буданд, ки тоқиҳоро лўла карда, ба ду чаккаашон рост баста гўши харгўш сохтанд ва чорпо шуда лабу бинӣ ҷунбонда нағмаҳо мекарданд.
Имшаб чорқарс дер давом накард. Давра ниҳоят кушод шуд ва дар зери по хоки хушк, пахол ва коҳ пошиданд. Гўштӣ сар шуд.
Аввал як ҷуфт мардони миёнсол ба майдон баромада давр гаштанд, баъд омин карда, ба ҳамдигар рў оварданд ва мисли хурўси ҷангара дастҳоро ба ду тараф кушода пар-пар заданд, пеш омаданд, пушт рафтанд. Қанотак заданд, гўё мақсадашон гўштӣ гирифтан набуд, танҳо барои дигарон тариқи гўштигириро ёд медоданд.
Ба ҳар ҳол онҳо ду-се даст бо ҳам шуданд, вале яке бар дигаре чирадастӣ карда натавонист ва ҳарду аз майдон баромаданд. Сипас ҷавонони фарохшона ва бозудор майдонталаб шуданд. Якеро мегуфтанд, ки шонааш заминро надидааст, дигареро мегуфтанд, ки авлодаш паҳлавон гузашта. Ҷўгиҳо низ дар ин тамошо буданд, вале онҳо аз имшаб гармӣ ғанимат гирифтанӣ шуда бештар ба оташ наздик мешуданд. Чунин рафтори онҳо баъзеро малол расид ва нафаре чандон мулоҳиза нафармуд:
— Ин қадар зери оташ ҷо шуда чӣ мекунӣ, хез, ба майдон баро!
Умматқул ба падар нигарист. Падар ба ў ишораи сар кард, ки барояд. Марди ғолиб майдон гирифта, давр гашта, ҳариф талабид. Китфони ў бардошта шуда буданд, аз димоғаш ҳавр фағона мезад.

пешина
аз 429
навбатӣ