Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳайрон шуд, ки чаро Салима ба ў дилпур ва бо як навъ амр гап занад.
Қумрӣ гуфтугўи онҳоро шунид, вале сарфаҳм нарафт, ки барои чӣ Салима ба ў дағалӣ кунад. Ҳамин қадар донист, ки рафту Ҳурбибӣ аз дасти Салима остинчаю рафидаро гирифта барои нон часпонидан ба сари танўр хам шавад, якин аст, ки палонҷи калонӣ палонҷи хурдиро ба даруни танўр тела диҳад. Духтарак омада буд, ки рафту Ҳурбибӣ нон часпонданӣ шавад, вай фарёдзанон тохта, ўро аз роҳаш боздорад. Бо чунин ният Қумрӣ нолаю шеванашро бас карда нигарони ҳаракатҳои Ҳурбибӣ бозистод. Ва дид, ки Салима остинчаю рафидаро ба ў надода, худ ба даст кашид, духтарак нафаси озод баровард. Салима ба рўи оташдон хам хўрд, дами оташ баландӣ кард, ки худро пас кашид ва боз ба Ҳурбибй чизе фармуд. Ў тозон рафта дар косаи сафол ҷурғот овард. Сонӣ Салима ба Ҳурбибӣ фармуд, ки ба рўи нонҳо ҷурғот молад.
Қумрӣ пиндошт, ки Ҳурбибӣ Салимаро дастнигар аст. Ҳар чӣ гўяд, Ҳурбибӣ иҷро кунад, аммо модари ў – Садафмоҳ ин хел набуд; қайсар, якрав буд, гапи Салимаро намехўрд ва ба вай итоат ҳам намекард, шояд аз барои ҳамин Салима модари ўро бад дид ва ҳолиё дар набуданаш бо Қумрию Тўтӣ муомилаи бад кунад, дар ҳаққи апааш ҳарфи носазо занад: «Тўтӣ ба оташ лўлаболишт шудай». Ин ҳама дар дили хурдакаки духтарак мадда шавад. Чунин мулоҳизаҳо аз назари тифлона ва аз дили софу беғаши ўст, зеро таги гапро надонад; нафаҳмад, ки палонҷҳо барои чӣ ин қадар ба ҳам насозанд. Тифлак надонад, ки дар дарёҳои азим наҳангҳо ҳастанд, моҳиҳои хурду калон ҳастанд; барои нафсу зинда мондан калонҳо хурдаконро фурў баранд. Қумрӣ ин чизро нафаҳмад.
Фақат пай барад, ки одами бад одами нағзро дида натавонад, аз дасташ ояд, илоҷашро ёбад, несту нобуд созад. Ба назари духтарак, чунин баду бадкор Салима бувад; бадтар аз ў одаме вуҷуд дошта натавонад. Вай Тўтиро ҳам, ўро ҳам, модарашу Ҳурбибиро ҳам хомохом хурад. Онҳо ўро ба итоати худ дароварда натавонанд, ягона касе ки ўро тарсонда, ба итоаташ дароварда тавонад, падараш Мулло Шокир аст. Барои ҳамин Қумрӣ омадани падарашро интнзор аст, ки ҳама гапро гуфта, қасос аз модарандар гирад...
— Қумрӣ, биё нон бихур! – садои Ҳурбибӣ буд. Қумрӣ нашунида ангошт. Ҳурбибӣ боз ўро даъват кард:– Қумрӣ, биё нон бихур!
Қумрӣ гумон дорад, ки ўро сағира пиндошта аз рўи дилсўзӣ даъват кунад. Зеро дилсўзиро ба бечорагон на одамони дорою давлатманд, балки касоне кунанд, ки худ аз ин «лаззат» баҳравар шуда бошанд, касоне дилсўзӣ мекунанд, ки аз дасташон мададе, коре, илоҷе наояд; лекин зиёд хоҳанд, ки дасти ёрӣ сўяшон дароз шавад.

пешина
аз 429
навбатӣ