Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Зиётии шумоя,– ҷавоб гардонд Собираи сиёҳ.
— Умедвор нашав,– косаро ба сар кашида гуфт Зиёдаи маст.
— Рост, ин тани тўши туро сер кардан... вой бар ҳоли почом...
Духтарон баробар хандиданд. Хаёли духтару модар канда шуд.
«Омин» гуфт Қумрӣ, Садафмоҳ даст бардошт. Духтарон ба пазанда ташаккур хонда бархостанд.
Рўзи дуюми дуздида овардани падараш буд. Қумрӣ дар интизории апааш рўзро бегоҳ кард ва ба дидори Тўтӣ нарасида маҷбур шуд, ки ўро аз Санаму Ҳурбибӣ дарак кунад. Онҳо Тўтӣ дар пахтачинӣ гуфтанд, аммо вай бовар накард, сонӣ аз модарандар Салима пурсид:
— Тўтӣ куҷо шудай, ки намеояд?
— Тўтӣ ба отат лўлаболишт шудай,– бо як ситеза ва заҳру ғазаб ҷавоб дод Салима.
Қумрӣ маънии гапи ўро нафаҳмид. Ин гапро ҳамчун даҳшат қабул кард, сонӣ аз модарандар рамида ва ранҷида пас-пас рафт ва якбора фарёд здд: «Не-е! Дурўғ мегўӣ, дурўғ мегўӣ! Ўро нағз намебинӣ!.. Нағз намебинӣ!!!» Модарандари баҳонаҷў «рост-рост»
гуфта алами ўро тоза кард. Қумрӣ аланга гирифт, садояш баландтар шуд. Санам омад, Ҳурбибӣ омад, вале ўро хап карда натавонистанд. Ба замин нишаста почак зад, ғаш кард. Ҳарчанд таваллою зорӣ карданд, гўш надод, Аз онҳо қаҳр карда лаби ҷўй рафт, ба мўяю шеван даромад.
Он тарафтар буни девор Салима дар танўри заминакӣ оташ афрўхта буд. Вақте ки ба танўр ғўзапоя андохт, оташ гулўгир шуда аввал аз даҳони танўр дуди сиёҳ фағона зад, сонӣ забонаи сурхи оташ аланга гирифта баромад. Қумрӣ хаёл кард, ки дар алангаи оташ месўзад. Танўр тафсид. Ҳурбибӣ дар табақи чўбии лангарӣ зуволаҳои рост кардаро бардошта овард, назди танўр гузошта омадани палонҷро нигарон шуд. Салима остинчаю рафида дар даст хиратабъу гирифтаавзоъ назди танўр омад. Ба Ҳурбибӣ фармуд, ки ба косаи сафол об биёрад. Ҳурбибии раҳмдил хам шуда аз ҷўй як коса об гирифт ва ба Қумрӣ назари мехрубононае афканд, ки бархеста назди танўр биёяд.
— Ту кай нонпазиро ёд мегирӣ? – Ҳурбибиро на палонҷ, балкӣ хизматгор пиндошта пурсид Салима.
— Намедонам.
— Намедонӣ!.. Бобита шабу рўз бағал гирифта хобидана донӣ!
Нони хўрдагита пухта натонӣ,– заҳр зад Салима.
Ҳурбибӣ чизе нагуфт. Ҳоло ки дар ин даргоҳ худкорӣ надошт ва дар ҳақиқат худро дастнигар медонист, аз гапи палонҷ ҳайрон шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор