Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў қиссаҳои модарро дўст дорад. Ҳар бор саргузашти модар ва қисмати хеш аз забони пиразан шунавад, роҳат кунад. Вале дар танҳоиву пинҳонӣ ашк резад. Ва ёдҳои пуралам нерў бахшад. Ёд дорад, ки бештар шабҳо модараш ба ҷои алла ба онҳо саргузашт гуфта, хобонидааст.
Қумрӣ хоҳад, ки модар қиссаҳояшро дар ҳар ҳолат бигўяд, зеро агар Садафмоҳ хафа бошад, саргузашташро фоҷиа пиндорад ва агар шод бошад, мазҳака шуморад. Вале ҳоло монда шудагӣ барин, хафа метобад, чизе нагўяд. Ҳар ду пасу пеш қадам зада бо роҳи хока сўи шипанг раванд, яке резапайкар (шояд аз гузашти сол ҳамин тавр намояд) дигаре боқуввату пуррапайкар.
— Оши сиёҳалаф овардам, ки дар офтови гарм ҷигарат сўхтагист.
— Айби ту, оча.
— Боз ман чӣ айб доштаам?
— Як умр ҷигарсўхта гаштӣ, акнун қисматат ба ман такрор шавад,– ҳазломез модарро ангезиш дод Қумрӣ.
— Чӣ? Ман?! Ин шумоед, ки трактор гуфта, худатонро қурбон кунед. Дар ҳар тори мўям як ҷавон овезон буд.
— Ин қадар ҷавонро чӣ хел бардоштӣ, оча?
— Мон акнун,– ҳазли духтарашро фаҳмида гуфт Садафмоҳ.
Ва ҳамин вақт духтарон расида омада, бо модар ошноӣ карданд.
Духтарон гирди дастархон давра нишастанд. Рўи дастархон чаппотиҳои гарм партофтанд. Қумрӣ як-як косаҳои сафолро назди ҳамкорон гузошт. Садафмоҳ сатил дар дасти чап ва кафлес дар дасти рост оши сиёҳалаф рехт ва «илова» гўён гирди онҳо давр гашт ва худ низ паҳлўи духтараш нишаста як бурида нон гирифт.
Қумрӣ ба модар - ба давлату дунёиаш нигоҳ кард. Ба мўйҳои сафеди чаккаҳояш, ба ожангҳои гардан, ба чашмони андаке фурўрафта ва ба ҳусни нокостаи рўяш нигарист ва дид, ки хаёли модараш на дар сари дастархон аст, балки ба дуродур рафта. Ва гўё духтарон хаёли дури модарро пай бурда гап намезананд ва муддати кўтоҳ давра ором аст. Танҳо сиёҳалафро аз косаҳо ҳур-ҳур лабкаш кардани онҳо шунида шавад. Ҳамин хомўшӣ хаёлу хотири Қумриро аз давра баровард ва хаёли ў ҳамроҳи қисмати пайвастаи модар ба давраҳои гузашта парвоз кардд.
— Як косаи дигар бошад, ҳамин рўз киштро тамом мекунем,– косаро сўи Садафмоҳ дароз карда гуфт Анзурати дароз.
— Ҳум,– мадд кашида бо ин ба Анзурати дароз чизеро ишора кард Собираи сиёҳ.
— Чӣ «ҳум», дилат кашад, хўр,– шўхии ҷавобӣ кард Анзурати дароз.
— Дили ин кас дигар чиз кашад,– ҳазл кард Зиёдаи маст.

пешина
аз 429
навбатӣ