Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дарвоза ғиҷиррос зад. Қумрӣ, ки ба омадани падар ва апааш Тўтӣ интизор буд, баробари кушода шудани дарвоза ба он сў тохт ва баробари дидани аспи падар посутуни дарвозахонаро огўш карда истод ва чун худи падарро дид, хориаш омада ва гўйӣ аз ҳангу мадор рафта бар қади посутун чун ҷуволи холӣ шорида фаромад, гиряро бардошт.
Гиряи духтар асаби падарро сахт расид.Ў аспро ба яккамехи саисхона баст, хўрҷин аз пушти зин гирифта ба замин гузошт, сонӣ ба назди Қумрӣ омада ба зону нишаст ва аз ду бари рўяш бо ду кафи даст дошта пурсид: «Чо кард?»
Қумрӣ чунон гирист, ки оби чашмаш на ба гапҳои хуби падар ист карду на ба пок кардан тамом шуд. Баракс аламаш тоза гашта, гап зада натавониста «ҳиқ-ҳиқ-ҳиқ» гирист. Мулло Шокир дид, ки духтарро ором карда наметавонад, озод рўи даст бардошта назди танўр бурд.
— Ба духтари ширини ман чӣ шудааст? – пурсид аз занҳо.
Онҳо ҷавобе надоданд. Ў донист. ки агар ранҷонида бошанд, ин кори Салима аст. Мулло Шокир аз вай не, балки аз зани хурдӣ пурсид: – Чӣ кораш кардед, Ҳурбибӣ?
— Ҳеҷ гап не. Ман ҳам дидам, ки лаби ҷўй нишаста гиря дорад...
— Ҳ... ҳа...– нодуруст будани гапи Ҳурбибиро фаҳмонданӣ шуд духтар.
— Эркачаатро ман ранҷонидам,– бепарво гуфт Салима.
Аммо Мулло Шокир ба гапи вай эътиборе надод.
— В... ва... вай,– Салимаро нишон дода,– гўяд, ки Тў... Тў-тӣ лўлаболиши о-отат шудай. Ҳиии...
— Чӣ!!!
Мулло Шокир низ маънии ин гапро нафаҳмида оташин «чӣ!»
гуфт, вале ҳунг-ҳунг гиристани духтарро дида гумон кард, ки ягон моҷарои сахте шуда. Духтарак ба пурсиши падар ҷавоб дода натавонист. Мулло Шокир Қумрии гирёнро ба замин гузошт ва ба Ҳурбибию Салима теғ кашида нигоҳ кард. Ҳурбибӣ ба нигоҳи саволомези вай чизе гуфта натавонист. Мулло Шокир панҷшохаи дар ғарами алафи миёнаи ҳавлӣ задаро гирифта бо азми қавӣ ҷониби танўр равон шуд. Он ҷо Салима хам шуда аз танўри заминӣ нон мекард. Мулло Шокир панҷшохаро рост паси гардани вай бурда, пахш кард. Ҳурбибӣ ҳолатро дида гумон кард, ки шў палонҷашро ҳамин зайл пахш карда ба даруни танўри тафсон андозад, бинобар он фарёди баланд зада ҷониби дарвозахона тохт. Мулло Шокяр ба доду фарёди ў нигоҳ накарда ва ба ягон чиз эътиборе надода панҷшохаро фурўтар дод ва таҳдидомез гуфт:
«А? Ҳоло ту духтари маро чӣ гуфтӣ? А? Чӣ гуфтӣ?»
Қумрӣ низ ин аҳволро дида гумон кард, ки падар ўро кушт, фарёдзанон аз паи Ҳурбибӣ тохт. Ҳурбибӣ ҳолатро аз таги дарвозахона дида тарсид ва хаёл кард, ки чунин рўз ба сари ў низ ояд, тарсида баромада гурехтанӣ буд.

пешина
аз 429
навбатӣ