Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дарк накард, ки сол охир шавад ва киштаву парварда интиҳо пазирад ва боз интиҳои нохуш, ки барои одами зинда марг аст.
Садафмоҳ хазонҳоро бо пой ҷамъ овард, сонӣ болояш баромада, аз фарқи тўда шибба кард; гўё аз нав кўдаки нодон шуда худ бо худ бозӣ кард. Аз рафтори ў фаҳмида намешуд, ки ў қасдан чунин рафтор кунад ва ё дидаю дониста, то шавҳар фаҳмида, баромада равад. Вале хирсона ғуррида баромадани мардак тамоми андешаю хаёли ўро парешон кард:
— Ман барои ту нописанд шудам-а? Ку ҳурмати ман барин марди шамшербадаст назди ту...
— Гузашт,–сухани ўро бурид Садафмоҳ.– Ҳамааш гузашт. Вақти шамшербозӣ не ва ту ба ман шавҳар нестӣ, ки пўписа кунӣ...
Аробата каш!
Мулло Шокир ки бо арбадаву сиёсат аз хона баромада, дов кашида меомад, латтааш ба об афтида, миёнаи ҳавлӣ рост истод.
Ў гумон кард, ки Садафмоҳ шўхӣ дорад, ўро санҷидан хоҳад, баракс «шавҳар кардам» гўяд. Ана акнун, дар миёнаҷои ҳавлӣ рост истода фаҳмид, ки ҳамаи гуфтаҳои Садафмоҳ ҷиддианд. Ғазабаш басанда нашудааст, ҳоло ҳам чизе умед дорад. Тамоми азобҳои паси сар шудааш ва тамоми машаққату ҷонканиҳояш пеши азоби Садафмоҳ як пул. Ғазабаш боло гирифт, ҳатто ба босмачӣ, ба душман ин қадар бо ғазаб наменигарист. Мулло Шокир чун хирси ба ғазаб омада, ки сайди дилхоҳашро дар кунҷаке ҷой карда бошад, барои дастгир кардани он дастон ба ду тараф кушода, пеш омад, тахтапушти ў ба назар мисли ёли гардани гург бардошта шуда буд. Ба Садафмоҳ менигарист, пеши пояшро надид, бннобар он ба тўдаи хазон пеши по хўрд, ҷаҳлаш омада онро бо нўги по зада пош дод ва ба забон омад:
— Не-е... Хобатро ба об бигўй...
Вале бо ин ҳама таҳдид миҷаи Садафмоҳ хам нахўрд. «Ҳум»
хандаи димоғию гулўӣ кард ў ва боз сари сина дамонд, то ин мард чӣ кор кунад. Ў донист, ки ба Мулло Шокир як даҳан гапи ширину нарми зан лозим аст, як марҳамату меҳрубонӣ шўро аз аспи ғазаб фурорад ва боз об ба лаби ҷўй баробар шавад, вале Садафмоҳ ҳамин чизро нахоҳад; нахоҳад, ки боз ба он хона баргардад, бо палонҷҳо рў ба рў шавад. Ҳоло ҳам Мулло Шокир мурғ медоштагӣ барин қанот кушода меомад, ҳатто ба кушода шудани дарвоза эътиборе надод, вале вақте ки «Биё, ака!» гуфтани Садафмоҳро шунид, мисле ки кадри филмро дар экран боздошта бошанд, шах шуда монд ва як марди бегонаеро дид, ки пеш аз он дучор наомада буд. Он мард дар рўймолчае нони гарм дошт. «Ҳамин? Ба ҳамин расидӣ?» фиғон кард дили Мулло Шокир, вале садояш дар гулўяш бозмонд, ба ҷои ў марди аз дарвоза даромада сурфида, гулў равшан кард.

пешина
аз 429
навбатӣ