Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ў ба Садафмоҳ бо чашми суол нигарист.
— Ба хона дароед, ака! –қасдан хохиш кард Садафмоҳ, вале ҷони Мулло Шокир баромад: «Ман талоқи туро надода шавҳар кардӣ?» нўги забонаш хорид, вале лом гуфта натавонист. Он мард низ ҳайкалвор шах шуд.
— Гузаред, ака! – боз хоҳиш кард Садафмоҳ, вале он мард аз ҳайрату ҳаяҷони Мулло Шокир дар шигифт монд. Мулло Шокир надонист, ки он мард кист ва куҷо бояд биравад. Садафмоҳ ўро «ака» гўяд ва «ака» гуфтанҳои вай ҷони Мулло Шокирро ба лаб орад.
Мулло Шокир сўи Садафмоҳ сахт нигарист, аммо занак ба вай эътиборе ҳам надод. Мулло Шокир партобӣ шуда буд. Чунин чизро ў дарк кард ва барои ҳамин қадри худро паст накарда бо нафрат ва бо эътироз аз дарвоза баромад.
Садафмоҳ надид, ки ў чун каманди асп аз нўгчўбӣ кушод, дар чӣ аҳвол аз тангкўча ба кўчаи калон баромад ва он тарафаш чӣ шуд...
...Вале духтарон паси дарвозаи ҳамсоя ҷой шуда чӣ бо ғазаб аспро тозиёна задани падарашонро диданд...
...Аммо духтарони аз кору кирдори ҷаҳон бехабар куҷо донанд, ки ин ҳама рафтор ва азобу уқубат ба ҳолномаашон дохил шавад. Қумрӣ чӣ донад, ки дар зиндагиаш, дар арсаи кораш ҳар лаҳзаю ҳар соат бо мухбирон рў ба рў ояд, ба онҳо саргузашт гўяд, аз кору бораш, муваффақиятҳояш ҳикоят кунад ва шўҳратёру овозадор гардад. Вақте ки мухбирон омада дар болои мошинаи пахтачинӣ зебо нишастани ўро дида хоҳиши боздоштани мошинаашро кунанд ва микрофон дар даст саволҳо диҳанд ё фориғи кор касе қалам ба даст аз ў саргузашт пурсад ё худ «чаро туро раис духтари командир гўяд?» гуфта кунҷкобӣ кунад, Қумрӣ ба андеша равад ва надонад, ки ба онҳо чӣ ҷавоб бидиҳад. Чунин воқеаҳо бисёр буданд ва дар чунин мавридҳо Қумрӣ бештар дар бораи муваффақиятҳои имрўзааш гап занад ва аз даврон хушу ҳуррам будани худро гўяд.
Лекин вақте ки танҳо монад, сурудҳои ёд гирифтаашро хонда тамом кунад ва ё аз ягон касу ягон чиз ранҷида ба андеша фурў равад, ҳамаи лаҳзаҳое ки дар ёдаш мондаанд, бори дигар аз пеши назар гузаранд, ўро ба мулоҳиза водор созанд. Вай хурд нест, ки буд-набуд, гуфта, даст афшонда қисмату саргузаштро паси сар кунад, пинҳон дорад...
Позаҳои ҳурд-хурди трактори Қумрӣ дар майдони фарох рахҳо кашида раванд, мисли байни панҷаҳои кушод ҷўякҳо пайдо шаванд. Хок нарму сурмасо нест, ҷўякҳо базеб наоянд: лой. Вақт бознаистад. Фурсат ғанимат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор