Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гумонаш ки занак ба нўги пистонҳояш қаланфури тунд молидааст, ки даҳону забони «кўдак» аз тундиаш сўзад, дигар сина ба даҳон нагирад. Алағда шавад, ғаш кунад, дасту по занад, ба қадри синаи ў расад, ...Асп шиҳа кашид. Мулло Шокир пиндошт, ки марди гуфтаи Садафмоҳ омад. Ларзиду гўш дод ва баъди садои шиҳаи асп овози духтаронашро шунид, ки «аспи отам» гўён ба шитоб даромаданд.
Онҳо ҳеҷ чизро кам накарда, ҳеҷ чизро гум накарда, фиғон бардошта омаданд. Қумрӣ бояд, ки бо шасти омадан, ҳамчун одат, бар дўши падар меҷаҳид ва «чу!» гўён ўро «тозиёна» мезад. Лекин ин дафъа баробари аз дар даромадан духтарон шах шуда монданд.
Падар ин чизро пай бурд, вале сар боло карда натавонист. Надид, ки духтарони ў чун ангушт газанд, чӣ хел пўсти ангуштон бо нўки дандон кан-кан кунанд...
— Равед, бозӣ кунед! – амр кард Садафмоҳ ва духтарон дилшикаста аз остона баргаштанд.
Мулло Шокир аз ҷой наҷунбид: гумонаш, Садафмоҳ ҳама сирру савдо ба духтарон гуфта, дил аз падар хунук карда бошад. Дили ў, дили падаронаи ў аз паси духтарон берун омад, бо онҳо ҳамгап шуд, аз сирру савдо огаҳ гашт, ҳамроҳи дилашон монд. Дилаш, ки аз ў рафтааст, мардак мадори гап ва ё аз ҷой ҷунбидан надорад, ёрои сухан низ нест, ки ба Садафмоҳ ягон чиз гўяд. Лекин нияташ ҳамин – гуфтутўи духтаронаш.
Бархоста берун баромадани Садафмоҳ ўро ба худ овард ва гумонаш, ки баробари аз дар баромадани зан, дили Мулло Шокир аз дар даромада боз ба ҷояш карор гирифт. Сонӣ ўро мадор шуда, ба худ овард, ки бархоста аз паи Садафмоҳ берун баромаданӣ шуд, аммо дар дами дар бозистода ба фикр фурў рафт, ки Садафмоҳ аз ў гурехта берун баромадааст. Балки барои чою нон овардан берун рафтааст. Лек мақсади баромадани Садафмоҳ дигар буд.
Вай нахост, ки боз дар мавзўи заношўӣ гапро ғоз диҳад, нахост шавҳар бипурсад ва дониста бошад, ки Садафмоҳ баргашта ба хонаи ў равад ё на. Аммо Мулло Шокир ҳамин чизро донистанӣ буд ва маҳз дар ҳамин бора аз Садафмоҳ маслиҳат гирифтан хост.
Мулло Шокир аз тирезаи хурди шишагӣ, ки чаҳорчўбааш лойдевори хона буд, ба берун нигарист. Садафмоҳ аз ҷўйчаи миёни ҳавлӣ як каф об гирифта ба рўй пошид, даҳон кушода ҳавои фаровонро фурў кашид ва баъди таскин ёфтани дил рўймоли хурди амбарбўйиро аз сар гирифта рўйи дастон паҳн кард, ҳамон зайл кафҳо ба рўй бурда, хеле вақт як зайл ором ва беҳаракат истод, сонӣ, магар амбарбўйӣ оби рўю абрўю мижгонашро чид, ки онро баргирифта ва аз нав секунча қат карда ба сар баст. Миёни ҳавлӣ хаёл карда монд, ки куҷо равад, чӣ кор бикунад. Миёни хаёлҳо садои хазонҳои аз шохсор фурў омада, ба гўш расид. Ҳаво нафаси хунукашро ба рўи ў занад. Агар ҳаво сардӣ надошт ва хунукии оби ба рўй пошида ўро ба худ намеовард, фаромўш карда буд, ки шўйи шаръии ў бо умед интизорӣ кашида даромадани занро хоҳад.

пешина
аз 429
навбатӣ