Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Хамту... Хостам, омадам.
— Ту дигар намеравӣ?
— Не. Ман шавҳар кардам...
— Чӣ-ӣ? – фарёд зада хест Мулло Шокир, вале даст бардошту ўро зада натавонист. Тозиёнаи дасташ дар ҳаво муаллақ монд.
— Ту зан гирифтӣ, ман ҳеҷ чиз нагуфтам-ку?
— Худат розигӣ додӣ, чаро не, нагуфтӣ?
— Хуб кардӣ. Ту ба ман ака. Ба забони худат маро хохар гуфтӣ. Дигар кордор набош ба ман!
Мулло Шокири дар тозиёнаву шамшер задан овоза баровардаро дасту пой латта гашта боз рўи кўрпача фурў нишаст, тозиёнаи дасташро назди дар андохт ва дуру дароз ба фикр рафт, ки шояд Садафмоҳ аз феълаш гашта наздаш нишинад, вале ғайричашмдошт Садафмоҳ чизи дигар гуфт:
— Ҳозир мардак аз кор меояд, шиносат мекунам, Мулло Шокир.
— Ман талоқи туро надодаам-ку! – парида хест Мулло Шокир.
— Талоқаш чӣ? Маро хохар гуфтану ба болоям зан гирифтан камтар аз талоқ аст?
— Намондӣ, ки чил гузарад?
— Ту мурда будӣ, ки ман чилро нигоҳ накардам?
Дами Мулло Шокир дарун зад. Агар кас ба қиёфаи ў, ранги ў, ба дили ларзони ў, ба ботини ў менигарист ва дида метавонист, мефаҳмид, ки гиря дорад, афсўс хўрад, худро дашном диҳад.
— Ман ин хел гумон накарда будам, Садаф.
— Ҳа-а... Гумонат, ки гавҳар ёфтӣ, Садафро гум кардӣ.
Танҳо ҳамин дам Мулло Шокир пай бурд, ки Садафмоҳ на танҳо баробари ў ҳамзабонӣ кунад, балки гапҳои обдор, нешдор зада ҳам тавонад. Ҳарчи бошад-набошад ў набояд Садафро аз даст диҳад, сақфи синаи баланди ў набояд ба каси дигар насиб кунад. Ў ҳар гоҳ ки ғамгин шавад, ҳар гоҳ ки истироҳат кардан хоҳад, ҳар гоҳ ки ғубори дилашро дур кардан хоҳад, сар ба сари синаи зебои ў гузошта, дам мегирифт ва рафту хобаш бурда, хезад, худро нав аз модар омада дармеёфт, баъд ба сўи боло рў оварда, як нафаси дароз бароварда, аз худ розӣ, аз олам розӣ табассум мекард ва ҳамон лаҳза пеши назараш меомад, ки самои соф, офтоб ва агар шаб бошад, моҳу ситораҳо низ табассум доранд. Мулло Шокир ҳолиё ба қадри чунин неъмати бемислу монанд расид; лаҳзаҳои ширинро пеши назар овард ва нахост, ки беҳтарин неъмат, санъат ва зебоие, ки табиат барояш ато карда буд, аз даст диҳад. Зеро дунёву дунёӣ ба он баробар набошад. Ў дуздида ба сақфи синаи Садафмоҳ нигарист, вале ҳеҷ чиз надид. Занак ўро номаҳрам донистааст, ки ба чоки гиребонаш сўзанак зада, сақфи синаи симинашро пинҳон кардааст. Мардак чун тифли бадхў алағда шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор