Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ў гумон карда буд, ки бо ин ҳусну ҷамол хушбахт мешавад, аммо нашуд... Айни ҳол худро тану духтаронро пару бол дониста, рустӣ аз Мулло Шокир фирор карданист. Ў ҳамин чизро озодӣ ва хушбахтӣ гумон кунад ва хаёлаш, ки баъди ин Мулло Шокир ўро набояд ҷустуҷў кунад...
...Чанд рўз гузашт, аз Мулло Шокир дараке набуд. Садафмоҳ намедонист, ки он ҷо чӣ шуду чӣ монд. Мулло Шокир ба муродаш расид ё на? Ҳалима дар чӣ ҳол аст? Мулло Шокир ба ин ҳама чӣ назаре дорад? Ёди Садафмоҳро кунад ё на? Палонҷаш Салима сабаби ба чунин аҳвол афтодани духтараш Ҳалимаро чӣ хел шарҳ дод? Мулло Шокир онро чӣ хел қабул кард? Ҳама Садафмоҳро торик ва муаммо буд. Садафмоҳ фикр кунад, дилаш дар ғаш; низ надонад, ки Мулло Шокир чӣ аҳвол дорад. Мулло Шокир ин хел одам набуд, ки Садафмоҳ чанд рўз аз вай ҷудо бошаду дар таги пояш аспи бидав, як бор ўро хабар нагирад. Ин ҷо ягон гапи дигар ҳаст. Ё ягон кас ўро хунук кардааст ва ё дар дилаш ягон андешаи дигар дорад. Як андешааш Ҳурбибӣ буд, ки худи Садафмоҳ хостгор шуд, боз чӣ сабаб шуданаш мумкин бошад? Акнун Садафмоҳ мағзи сар об кунад. Ў донад, кн Мулло Шокир ин хел кас набуд, худаш мегуфт, ки «Садафмоҳ, туро як рўз набинам, мемурам». Ҳама гап будааст: се рўз барои танга омада дар шаҳр гашта рафт, Мулло Шокир суроғ накард ва ҳоло як ҳафта шудааст, ки ҳамдигарро надидаанд, ёди баччаҳоро ҳам надорад. Муаммо. Садафмоҳ аввал парвое надошт, ки Мулло Шокир меояд ё не. Вале ҳоло дар сару дилаш чунон васвасае афтодааст, ки ҷои шиштан намеёбад. Вай Мулло Шокирро диданӣ нест, аммо дилаш ғул ғула дорад, ба назараш, ки худи ҳозир дар кушода мешаваду касе хабаре меорад; ўро ё шод кунад ва ё девона гардонад... Ҳамин вақт аз беруни дарвоза шиҳаи асп баромад. Ва баробари шунидани ин шиҳаи шинос дили Садафмоҳ дук-дук зада баданаш аз арақ тар шуд. Вай ба пешвози соҳиби асп набаромад, балки худро даруни хона гирифт, хост дар ҷое пинҳон шавад, ки Мулло Шокир ўро наёбад.
Мулло Шокир пештара барин аспро дар нўгчўбии беруни дарвозахона басту ба ҳавлӣ даромад. Ба чаҳор тарафи ҳавлӣ нигарист, касеро надид, ҳайрон монда, аламзада рўйи тахтакати бепалос нишаст.
Садафмоҳ ба ин ҳол тоқат карда натавониста баромад. Гўё коре нашуда бошад, ба вай салом дод, чун ҳамеша қабул кард.
Рўйи кат чаҳор қабат кўрпача андохта шинонд, вале ягон чиз напурсид. Ду-се бор даҳон пур кард, ки ҳолу аҳволи Ҳалимаро пурсад, аммо худдорӣ кард.
— Ту чида омадӣ, Садаф? – оқибат худдорӣ карда натавониста пурсид Мулло Шокир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор