Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ана акнун барги бед барин ларзад, ки ҳам барои нописанд гурехтанаш ва ҳам барои ин кор ба шавҳар чӣ ҷавоб диҳад. «Писар-ку назоидӣ, ки насламро давом диҳад, ҳамин махлуқро ҳам намондӣ, ки зиндагӣ кунад?» Чӣ гуфтани шавҳарро дониста чунин хаёл кард Салима. Ин гап аз як лаби даҳони Мулло Шокир барояд. Вале Салима баъди Чормағзак рафтани гапи ўро хўрданӣ набуд, ҳар чӣ бодо бод, гуфт, вале коре кард, ки забони дарозашро бурид.
Ҳалима ба ҳуш омад, ки нола кардан гирифт, сахт-сахт фарёд зад. Модар ўро бардошта, хезонданӣ шуд, вале хеста натавонист, ҳамину ҳамон миёни духтарак дуто шуда монд...
...Ин шабу рўз занони Мулло Шокир роҳпаймоянд; сари шаб
Салима роҳ сипарид, сари субҳ навбати Садафмоҳ: ў духтарони
озода шуста хобонидаашро хеле барвақт бедор кард, тамошо
мебарам, гуфта онҳоро пеш андохта, ба фарқи сараш як бўхча
гузошта, дар беруни дар як бор доманашро афшонд ва аз хонаи
шавҳар баромада рафт. Ҳарчанд Санам гиряю зорӣ кард, Садафмоҳ барнагашт. Пичингомез «Мулло Шокир ҳавлии сеюм надорад» гуфт. Ба назари худаш ин некии сеюме буд, ки барои Мулло
Шокир мекард: некии аввал он ки ба вай расид, некии дуюм барои
Ҳурбибиро гирифтан; ҳам хостгор шуд ва ҳам қалинашро дод,
некии сеюм: хонаро холӣ карда баромада рафтанист, то Ҳурбибӣ
дар балои Салима намонад. Вале чунин фикр ба сар зад, ки баъди
баромада рафтан Салима воқеаи бо духтараш Ҳалима рўй додаро
ба сари ў бор накунад. Ў каме паси дарвоза истод ва чун духтаронаш «кай меравем, дер шуд» гуфта фикри уро парешон карданд,
ба худ омад, ки дар ҳақиқат дер шавад. Ба роҳ даромаданд, зеро
нахоҳад, ки Ҳурбибӣ ўро ҳамчун палонҷ бинад, чунки ба Мулло
Шокир «хоҳар» будани ўро қудоён медонистанд, махсусан Ҳурбибӣ. Бо ин духтараки маъсумаи аз гиру дори олам бехабар чашм
ба чашм шудан барои Садафмоҳ ҳуб нест. Рафтораш чунин, вале
таги дилашро касе надонад. Ў як дилпурӣ дорад, ки дар Душанбе
хонаҳои гилиаш ҳастанд, акааш (ҳарчанд, ки дар ин кор гуиоҳаш
кам нест) пушту паноҳ шавад, духтаронаш ҳамроҳ, навъе карда
умр ба сар баранд. Гап дар сари шавҳар не, бо чунин хусну ҷамоле, ки дорад, дар ҳар тори мўяш як шавҳар овезон шавад. Лекин
фикр кунад: «шавҳаре, ки ҳусну ҷамоли ўро гуфта, ба занӣ гирад,
лозим нест». Мулло Шокир ҳамин чизро дар назар дошта ўро ба
занӣ гирифта буд, ана акнун... Садафмоҳ аз Туқсабо меҳрубониҳо
дида буд, аммо он вақт ба қадри он навозишу меҳрубониҳо намерасид, сарфаҳм намерафт, ки рафторҳои вай чӣ маънӣ доранд,
барои чунин эркачагӣ аз палонҷҳо «адаб» ҳам дид. Ў як орзуи
дар афсонаҳо будаю шунидаро дар сар дорад: кас бояд хушбахт
бошад, кас бояд хуб зиндагӣ кунад, аммо чӣ хел? Роҳашро наёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор