Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Духтарак як фарёди пурдард зад ва боз аз ҳуш рафт. Садафмоҳ сахт тарсид.
— Янга, ҳушёр шав!– ба Салима овоз дод Санам. Магар ў овозро шунид, ки «ку Ҳалима?» гуфт.
— Ҳалима дар хона, янга.
— Ана калид,– калиди нўги мўяш бастаро нишон дода гуфт Салима.– Мара ба хонаи худум бар.
Санам калидро гирифт, дари хонаи ўро кушод ва ҳамроҳи Садафмоҳ ўро бардошта ба хона дароварданд. Дар торикӣ пои Санам кўрпачаи зеҳи деворро ёфт. Салимаро рўи кўрпача хобониданд ва назди дар рост истоданд, ки аз ў чӣ садое ояд. Вай хомўш буд, беҳуш буд. Ва ҳама ҷоро боз хомўшӣ фаро гирифт.
— Ту ин ҷо биист, Санам, ман назди баччаҳо равам,– оҳиста гуфт Садафмоҳ то палонҷаш Салима бедор нашавад.
— Хайр, бирав.
Садафмоҳ нўг-нўги по дуздона ба хона даромад, то онҳоро безобита накунад. Дам ба дарун гирифта диққат дод, ки аз онҳо чӣ садое ояд ва нафасгириашон чӣ гуна аст. Вай нафасгирии духтаронро шунид ва фарқ карда тавонист, аммо нафаскашии Ҳалимаро муайян карда натавонист. Назди Ҳалима нишаста гўш ба синаи чапи духтарак наздик бурда диққат дод, ки нафас гирад ё не.
Духтарак дер-дер нафас мегирифт ва нафасаш гирифт мекард...
Салима ба ҳуш омада, духтарашро талаб кард. Санам на духтарро назди модар овард, балки модарро назди ў бурд. Вақте ки онҳо аз дар даромаданд, дар торикӣ Салима ўро набинад ҳам, ба ҳар ҳол Садафмоҳ худро аз назди Ҳалима дур кашид. Салима номи духтарро гирифта, ҷеғ зад ва ҷавобе нашунида, ба ў фармуд, ки ёрӣ диҳад, духтарашро бардошта, ба хона барад. Санам гапи янгаашро шунид, вале илоҷи ўро бардошта бурданро надонист.
— Ҳалима инҷо хобидааст, Санам,– фаҳмонд Садафмоҳ.
Аммо Салима ба гапи ў эътиборе надода духтарро аз паҳлўи хоҳаронаш ёфт ва зўри бардоштан кард, ки натавонист. Санам ёрӣ дод. Ҳалимаро ба хонаи худашон гузарониданд. «Ҳалима, Ҳалима! Ба ту чӣ шуд?» худро ба нодонӣ зада ва ё дар ҳақиқат чӣ шудани воқеаро донистанӣ шуда пурсид. Ў болои духтар пасрў афтида буд, фақат вазнашро медошт, то ба Ҳалима зўр наояд.
«Аз худам гузашт». Пушаймон буд ва зиёда аз он аз шавҳараш метарсид. Агар шў пурсад, чӣ ҷавоб диҳад. Гуноҳро ба дигар кас бор карданӣ шуда «Ҳурбибӣ нашуда рав» гуфт ва хаёл кард, ки духтараки ҳоло ба хонаи онҳо наомада шумқадам бошад. Вале гуноҳу ҷаҳлу ғазаб ва дили сиёҳи худро аз ёд баровард. Фаромўш кард, ки чӣгуна гашти рўз аз Чормағзак баромада, аз хавфу хатар натарсида, сари ҷаҳл то ними шаб пиёда роҳ паймуд ва тарсону ларзон ба хона расида боғазаб ва ба Садафмоҳ ситеза карда, чунин моҷаро ба миён овард.

пешина
аз 429
навбатӣ