Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Куҷода ховай? – пурсид Салима.
— Байни Тўтию Қумрӣ-да.
Салима даст-даст карда духтарчаҳоро ёфт ва ҷунбон-ҷунбон карда «Ҳалима, бихез, Ҳалима бихез!» гуфт. Ҳалима «ҳум» гуфта паҳлў гашт, вале бедор нашуд. «Хез мегум!» боз дод зад Салима.
Ҳалима боз «ҳум» гуфта паҳлў гашт ва ғирч-ғирч дандон сойидан гирифт. Салима сари зону нишаста, хам шуда аз дасти духтари хоболуд кашид. «Бихе!» Ҳалима беҳушона сари ҷогаҳ нишаст, баъд бо ёрии модараш хест. Қадам андохт. Модар гумон кард, ки ҳушёр шуда худаш меравад, ўро сар дод. Духтарак тапӣ афтид. Салима ба ғазаб омада «э-э-э!» гуфта сахт аз мўйи духтар дошта кашид.
Духтарак хоболуд як дод зад ва ба гиря оғозид. Нозғунҷӣ дорад, вале дар чунин ҳол ба модар нафорад. Салима ўро як шаппотӣ зад, баъд бардошта берун баровард. Духтарак аз хоб алағда шуда ғаш кардан гирифт. Салима ғазаб кард, ҳар қадар, ки алам дошта бошад, аз духтар бароварданӣ шуда, ўро як бори дигар бардошта ба по монданӣ шуд, аммо ў рост наистод. Ҳалима «Намеравам!»
гуфта боз ба замин нишаст. Ин рафтори вай модарро баҳона шуд, ки ўро бар қаддаш бардошта ба замин зад. Духтарак «вой!»
гуфтанашро медонад, дигар на дам дошту на садо. Аввал Салима «хез, намемурӣ» гуфта ўро бардоштанӣ шуд, баъд дид, ки сараш ба як тараф хам шуд, садои талху тунде зада худаш низ ба як тараф афтид. Санаму Садафмоҳ тарсида баромаданд, ба рўйи Салима об заданд, ба димоғаш пиёз доштанд. Ў ба ҳуш наомад.
Дар саҳни ҳавлӣ ду «мурда» буд ва ду мурдабон. Мурдабонҳо ҳайрон буданд, ки чӣ кор кунанд, ҷои калиди Салимаро надонанд, то дарро кушода, онҳоро ба хонаашон дароварда монанд. Дар ин наздикиҳо табиб набуд, ки аз паяш шаванд; як мулло буд, ки баъди ин воқеаҳо ҷониби Афғонистон гузашт. Чунон мулло буд, ки аз сад даму нафасаш як бемор шифо меёфт ё на. Вале ҳоло ҷое нест, то онҳо рафта табиб биоваранд. Бардошта онҳоро ба хона дароварданӣ шуданд. Боз худдорӣ карданд, ки шояд Салима ба ҳуш ояд. Хеле баъд Ҳалима чун пишакбачча «мии» гуфт. Вай рўи дасти аммааш Санам буд. «Мии» гуфтани Ҳалима ба гўши Санам чунин расид, ки «амма» гўяд, «ҷун, ҷуни амма», гуфта чавоб гардонд, аммо садое нашунид. Садафмоҳ сари духтарро бардошта, рост карданӣ шуд. Аммо сари ў рост намеистод. Духтарак яке, ҳамон гиряеро, ки аз ҷои хобаш сар карда хеста буд, давом дод.
Садафмоҳ аз ҷўй як каф об гирифта, ба рўи палонҷ пошид, то ҳушёр шавад, лекин Ҳалима наҷунбид, боз ба димоғаш пиёз доштанд, як атса заду мисли нобиноён даст дароз карда касеро ҷўё шуд. Санам дасти ўро дошт. «Ҳалима, Ҳалимаи ман...» базўр овоз баровард ў.
— Янга, хона дарорамат? – пурсид Санам. Салима гапи ўро нашунид, ки чизе нагуфт, сар ҳам наҷунбонд. Садафмоҳ аз хафа шудан-нашудани Салима парво накарда, Ҳалимаро аз дасти Санам гирифта ба хона даромад ва рўи ҷогаҳ хобонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор