Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Афсонаро борҳо шунида бошад ҳам, ин дафъа низ бо ҳавас гўш кард. Сахт ба андеша рафт, ки ин бузаку гург одамон ҳастанд ва ё ҳайвонҳо? Ў намедонист, ки дар дунё рамзу тамсил гуфтанӣ чиз ҳаст, лекин фаҳмид, ки сухан аз зиндагӣ равад. Сухан аз ҳифзу ҳимоя ва меҳри модарию фарзандист. Андаке нафас набароварда истод ва донист, ки хона хомўши хомўш аст. Ҳатто нафасгирии кўдаконро нашнавад. Ба хаёли Садафмоҳ чунин хомўшӣ асроре дорад. «Андар паси ҳар ханда дусад гиря муҳайёст». Дили Садафмоҳ ларзид, аҷиб ларзид.
Ҳар вақт хунук хўрад ва якбора тарсида ба ҳаяҷон ояд, баданаш мурғак бароварда пайкараш меларзид, аммо ин хел ки дил андаруни қафаси сина ларзад, ҳеҷ гоҳ рўй надода буд, боз вақте кас ором хобида бошад. Дилаш ларзиду баданаш арақ баровард, сонӣ тапиши дилаш монда, баданаш хунук хўрд ва дарзиши дил ба тан гузашт.
«– Ам... меш!» – дандон ба ҳам зада овоз баровард
— Ху! – Санами бедор садои ба ҳам бархўрданн дандонхои ўро шунида, парида хест,– Чӣ мегӣ, янга?
— Х-хунук х-хўрдам...
Санам ба болои янгааш боз ду кўрпа андохт: «Шуд, янга?»
— Нне, ам-ме-еш... Болои кўрпаҳо хоб рав.
Санам болои кўрпаҳо дароз хоб рафта ба янгааш вазн андохт, вале вазни ў ба Садафмоҳ таъсир ҳам накард. Ў пай бурд, ки аз нафаси тафсони худаш даруни кўрпа гарм шавад, махсусан гирди лабонаш. «Ту вазн ҳам надоштаӣ, ам-ме-еш».
— Чӣ? – овози норавшану ногўёи ўро шунида пурсид Санам.
Вале Садафмоҳ гапашро такрор накарда дар тақ-тақ шуд. Санам ҷаста хест: «Акам омадагист».
— Кист? – пурсид ў.
— Ман,– овози занонае омад.
— Янга? – овози занакро шинохта пурсид Санам.
— Ҳа.
Санам дарро кушод.
— Акам ку? – гумонаш акааш аспро баста истода бошад, сўи саисхона нигариста пурсид Санам.
— Акат мурдаша дар ағбаи Чормағзак партофта хобидааст.
— А?.. Чӣ?..– тарсида пурсид Санам. Вале Садафмоҳ ба маънии гапи палонҷ сарфаҳм рафта кўрпаро аз сар бардошта сурфид.
– Ҳалима ҳаминҷай?–садои сурфаи Садафмоҳро шунида ва ба саволи Санам ҷавоб надода пурсид Салима.
— Ховай.
— Бедоруш бикун,– аз дами дар гуфт Салима.
— Монуш бихова, янга!
Салима ба гапи Санам эътиборе надода «Ҳалима!» гуфта дод зад ва ҷавоби ўро нашунида ба хонаи на он қадар равшан даромад.

пешина
аз 429
навбатӣ