Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хиштаки сари танўрак аз паси танўр овоз баровард. Модараш хурсанд шуда ўро ба оғўш кашид ва пурсид, ки Алўлаку Булўлак куҷо шуданд. Бузича воқеаро гуфт, модараш дарро аз болои баччааш қуфл карда баромада ба суроғи баччаҳояш рафт. Сари роҳ хонае пеш омад. Бузаки ҷингилапо болои бом баромада пой кўфт. Аз даруни хона садои рўбоҳе омад:
— Кист дар бомаки ларзонаки мо, хок резонад бар ошаки явғонаки мо, оши явғонамон шўр шуд, чашми меҳмонамон кўр шуд.
— Манам Бузаки ҷингилапо, мезанам ба ҳарду по, ту хўрдӣ Алўли ман, ту хўрдӣ Булўли ман? Баро ба ҷанги шохи лоладори ман!
— Нахўрдам Алўли ту, нахўрдам Булўли ту, намебуром ба ҷанги шохи лоладори ту.
Бузаки ҷингилапо ба боми дигаре рафт ва по кўфт. Аз пас садои гург омад:
— Кист дар бомаки ларзонаки мо, хок резонад бар ошаки явғонаки мо? Оши явғонамон шўр шуд, чашми меҳмонамон кўр шуд!
— Манам Бузаки ҷингилапо, мезанам ба ҳарду по. Ту хўрдӣ Алўли ман, ту хўрдӣ Булўли ман? Баро ба чанги шохи лоладори ман!
— Ман хўрдам Алўли ту, ман хўрдам Булўли ту, ман мебаром ба ҷанги шохи лоладори ту!– гуён гург назди Бузаки ҷингилапо баромад.
Бузаки ҷингилапо аз ҳайбати гург тарсид ва роҳи халосӣ ва ғалаба ҷуст, ҳилае ба сараш омада, ба гург шарт гузошт:
— Барои он ки ҷанги моро бинанд пагоҳ назди устои оҳангар равем, ў дандонҳои ту ва шохҳои маро тез кунад, сонӣ ҷанг кунем.
Гург, ки Алўлаку Булўлакро хўрда, шикамаш сер буд, ба чунин шарт розӣ шуд. Бузак ба хонааш рафт, аз шири синааш ва орд фатирчаҳо пухт, дастархон кард ва аз гург пештар ба назди усто рафт. Воқеаро ба усто фаҳмонд. Усто ба буз шохҳои тези фўлодӣ сохт ва дандонҳои тези гургро канда ба ҷояш пунбадона шинонд.
Баъд бузу гург ба майдон даромаданд. Гург даҳон андохт, дандонҳояш ба буз кора накарданд, навбати буз омад. Бо шохҳои тезаш чунон ба шиками гург зад, ки шикамаш чок шуда Алўлаку Булўлак зинда баромаданд. Гург афтиду мурд. Алўлаку Булўлак шодикунон бо модарашон ачош-ачош карданд ва ба хонаашон рафта Хиштаки сари танўракро дида хуб шодмонӣ карда ба муроду мақсад расиданд... Шумо ҳам ба муроду мақсад бирасед…»
Санам афсонаашро тамом кард, хона ором буд. Ў гумон дошт, ки онҳоро кайҳо хоб бурда вай беҳуда гап занад. Каме интизор шуд, ки духтарҳо ягон чиз мегўянд, ё не. Онҳо ором-ором нафас мегирифтанд, Санам яқин кард, ки духтарон хобидаанд, аммо надонист, ки Садафмоҳ бедор аст.

пешина
аз 429
навбатӣ