Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Зеро дар ин обрав чунон зани хушқомате нест, ки ўро бо Садафмоҳ омезанд. Салима ҳам барои он месўзад, ки худо ба вай ҳайкал додаасту пайкар не.
...Ҳар чӣ буду набуд, ҳар чӣ шуду нашуд, ҳар чӣ гуфтанду монданд, барои Мулло Шокир сабақ нашуд. Ў ба хостгории Ҳурбибӣ рафт, ин дафъа Салимаро ҳамроҳ бурд. Талху пичингҳои Садафмоҳро шунида буд; ё аз нодонию бефаҳмӣ ин корро кард ва ё қасдан. Ў тангаҳои Садафмоҳро гирифта буд, барои ҳамин зан кори ўро ҷиддӣ гумон кард ва инак аз паи кори худ шуд. Садафмоҳ сари духтаронро бо ҷурғот шушт, онҳоро оббозӣ доронд ва омодаи сафар шуд, аммо хоҳаршўяш Санам пеши роҳи ўро гирифт:
«Сабр бикун, акам биёяд, баъд меравӣ». Садафмоҳ он қадар ҳаваси истодан надошт, лекин Санам иҷозат надод: «Ту феъли акамро донӣ, янга, будагӣ гап аз паят меравад». Садафмоҳ на барои гапи ў, балки барои дидани авзои палонҷаш Салима, ки аз он ҷо омада бо шавҳараш чӣ муомила кунад, пой аз сафар боздошт. Аммо духтарчаҳои содда, ки ба гўшашон сафари Душанбе даромада буд, «Рафтем, оча, рафтем», гуфтанд. Духтарчаи Салима низ ба онҳо шарик шудан хост: «Рафтем». Садафмоҳ Ҳалимаро низ оббозӣ доронд, ки азми рафтан кунад, ҳамроҳ барандаш.
Шаб шуд, даруни ҷогаҳ даромаданд. Чароғ набуд. Хоб намебурд. Духтарон аз амма хоҳиш карданд, то афсонан «Бузаки ҷингилапо»-ро гўяд. Санам хеле хомўш истод, сонӣ ба сухан даромад:
«Дар як замоне, дар як маконе як бузаки ҷингилапо буд, вай се бачча дошт: Алўлак, Булўлак, Хиштаки сари танўрак. (Шумо барин)...»
— Ҳа, мо барин: Тўтӣ – Алўлак, ман – Булўлак, Ҳалима – Хиштаки сари танўрак,– гапи аммаро бурид Қумрӣ.
— Ҳа,– гуфт барои хафа нашудани духтарча ва давом дод:
– Бузаки ҷингилапо се бачча дошт, вай ба чаро рафта наҳорӣ карда, сер шуда меомад ва ба дари хонааш ҳозир шуда мегуфт:
«Алўлакам дара кушо, Булўлакам, дара хушо, Хиштаки сари танўракам, дара кушо! Шоххо пури гул, пистонҳо пури шир».
Баччаҳои Бузаки ҷингилапо аз тарзи гуфтор ва овозаш модарро мешинохтанд ва дарро мекушоданд. Вай даромада гулу алафи дар шохҳояш овардаро пеши онҳо мерехт ва аз пистон ба онҳо шир медод. Рўзи бузғолачаҳои ширмаст ҳар рўз ба д-ин ҳол буд. Рўзе гурги гурусна аз ин сирр огоҳ шуд ва баъди рафтани Бузаки ҷингилапо ба дари онҳо омада овозашро ба овози бузак монанд карда бузғолаҳоро чеғ зад. Онҳо модарамон омад гуфта дарро кушоданд ва дучори гурги гурусна шуданд. Хиштаки сари танўрак овози ғайрро ҳис карда паси танўр руст шуд. Гург Алўлаку Булўлакро хўрд ва бозрафт. Баъд Бузаки ҷингилапо омада дарро боз дид ва баччаҳояшро дар хона надида талхакаф шуд. Ва ба худ омада боз баччаҳояшро ҷеғ зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор