Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

парешон, ки Мулло Шокир бародарашро дида, аз хусуси «танга»
напурсида бошад. Вале шавҳар наҷунбад. Ё сахт хобаш бурда буд ва ё баҳонае дошт, аммо Садафмоҳ чизе мехост, ҳо, мехост, ки вай гап занад; гап занад, ки ё тангаҳоро гирифта аз паи Ҳурбибӣ шавад ва ё тамоман аз баҳраш барояд. «Шаҳр рафтӣ, акаи Таварро надидӣ?!» тоқат карда натавонист Садафмоҳ. Хомўшии тўлонӣ буд. Сонӣ ў нохун хойидан гирифт: худашу кўдаконро дар як хона тасаввур кард, ки бемардина чӣ зиндагие мешуда бошад?
Хайр, як бор аз рўи зарурат бемардина монд, вале ҳоло чӣ зарурат пеш омадааст, ки вай худашро ин қадар коҳонад? Кўдакони маъсумаро бепадар кардан чӣ маънӣ дошта бошад? Садафмоҳ ҳарчанд тасаввур кард, пеши назар оварда натавонист, ки хонаи бемардини чун бояд шавад. Ў хонаи гилии аз шавҳари аввалааш мерос мондаро донад, даруну беруни онро чанд рўз пеш рафта дида омада буд, палонҷҳои калонии пешинааш ҳавлиҳоро ҷудо карда, насиби ўро низ –як хоначаи гилӣ ва саҳни дарози камбарро бахшида буданд. Ҳоло Садафмоҳ ба умеди ҳамон манзил, аз хонаи шавҳар равад ҳам, сарпаноҳе дорад, ин ҳам як давлату дунёӣ. Аз он хона гиряи тифлон омад, «падар» гуфта гиристани онҳо ба гўш расид... Баъд сар афшонда ҳушёр шуд ва сари ҷогаҳ нишаст, то дилаш зиёд тапида ўро аз ҳолат наравонад. Боз гумонаш, ки аз садои дили ў кўдаконаш бедор мешуда бошанд, дастон болои ҳам гузошта ба синааш пахш кард. Ў дар торикӣ набинад, ки духтарон аз ду тараф падарро чӣ хушрўй «ачош» карда хобидаанд. Аслан духтар ба падар меҳрубон шавад, махсусан, дар синну соли онҳо ҷои гап нест... Лекин Садафмоҳ духтарчаҳоро аз дидори падар маҳрум карданист... Наход? Наход ки... Ҳо, ў ситеза дорад. Аз рўи таърифҳои шунидааш дар олам аз ў зеботар зан нест. Танҳо худи сохти абрўяш ҳазор зан, таровату латофати рўяш – даҳ ҳазор зан, чашмонаш – сад ҳазор зан ва маънию маконаш ҳисоб надорад.
Ба чунин зебоии олам ношукрӣ карда, Мулло Шокир ба кадом лўлакча, ки ақлаш ҳатто ба шиштану хестан нарасад, дом партофта, ўро сари зону нишонданист. Худаш – хостгору занаш– хоҳар.
Тавба... Ба қавли Садафмоҳ – тавба. Ў тавба гўяд, аммо дилаш ғулғула дорад. «Тангаҳо лозим, ё ба акаи Тавар бурда диҳам?»
пурсид ва ин бор ҳам ҷавоби савол хомўшист...
Садафмоҳ бархост. Дари хонаро оҳиста кушод. Берун равшантар буд. Фазоро ситораҳо равшан доранд ва моҳи шомхўрда аз паси кўҳи Чормағзак тарафи шарқии осмонро каҳраборанг гардонад. Рустои Камонгарон зери нури ситораҳо хобида буд.
Садафмоҳ рўи ҳавлӣ палонҷаш Салимаро надид. Бовар кард, ки дар ин дили шаб ҷуз худаш ҷонзоти бедоре нест. Садои дарёчаи Элак аз ин чо шунида намешуд, аммо садои ҷўйчаи ҳавлӣ гўши касро менавохт, ў ба ҳамин садо гўш дод. Ҳар кас, ки аз ягон тараф нигоҳ кунад, дар ин дили шаби на он қадар равшан куртаи сафеди Садафмоҳро медид ва агар пеш аз ин дида бошад, мешинохт, ки ў ҳамон зани зебо Садафмоҳ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор