Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Санам, ки он қадар ҳусни баланд надорад, мардон барои ў намиранд. Лекин ҳар марди роҳгузар хокмолак кардан хоҳад.
Ў дилу нияти мардони бадхўро дарёфта, баъзан каф ба дунбааш занад… Санам додарзодаҳояшро оварда шабҳо ҳамроҳ мехобид ва чанд бор, ки Салима заҳри забон карда буд, аз овардани онҳо истиҳола кард ва шабҳо танҳо мехобид. Ў духтарони Садафмоҳро нағз бинад, шояд аз ин ҷо бошад, ки муносибаташ бо Садафмоҳ хуб аст. Аммо Санам ба духтари Салима Ҳалима амма бошад ҳам, ўро он қадар хуш надорад; аз бадии очааш. Аз ин ҷиҳат ҳам ғазаби Салима ояд.
Тўтию Қумриро хоб парид. Тўтӣ бархоста боситеза дарро пўшид, то овози Салимаро нашунавад, аммо ин кораш ба падар нафорид. Ў намехост, ки духтаронаш чунин рафтор кунанд, одамбадбин бошанд, падар умед дошт, ки баъди сари ў низ онҳо бо ҳам нағз бошанд, хоҳарони ҳамтан набудани онҳоро касе пай набарад.
Духтарони хобпаридаи беғам ба ҳала-ҳалаи падар гузаштанд: ўро ғелонданд, савор шуданд, шинонда ба китфонаш баромаданд.
Падар ҳар коре ки онҳо кунанд, гап намезад, аввалаш ба худаш хуш меомад, ки андаке аз фикру андешаҳои зиёде озод мешавад, сонӣ ба хотири Садафмоҳ, ки хафа нашавад. Духтарон падарро дароз хобонда, асп пиндошта «чу-чу» гуфтанд ва модарро даъват карданд, ки ба бозӣ шарик шавад, аммо ў ба фикру хаёли худ банд буд ва ҳеҷ бозию шодӣ намехост.
— Акнун ниятат чӣ мешавад? – аз қаъри гили сиёҳ кашида гуфт Садафмоҳ.
— Ниятам ба ту вобаста... Ту медонӣ, ки ман ният кардам, аз ниятам нагардам... Шайтон ноумед.
— Ин хел бошад, чаро тангаҳоро нагирифтӣ?
— Лозим шавад, мегирам.
— Ана гап ин...– гуфт Садафмоҳ, аммо сирр бой надод. Забони ў ҳарф мезад, аммо дилаш дигар чиз мегуфт.
Якбора хона хомўш шуд. Духтарчаҳо аз ду канори падар хоб карданд, дасти ҳардуяшон болои синаи падар буд. Ў ҷунбида натавонист. Ҷунбад, духтарон бедор мешуданд. Садафмоҳ низ хобида буд. Лекин чашмонаш бедор, дар торикӣ чизеро набинанд. Аз ин рў дам ба дарун гирифт, ки шояд ягон чизро шунавад. Фақат дукдуки дили худро, ки ба китфи чап мехобид, шуниду бас. Мулло Шокир хур-хур надорад, маълум, ки ў низ бедор аст. Ва умедвор, ки шавҳар баччаҳоро хобида пиндошта, аз ў чизе пурсад, аммо Садафмоҳ худро ба хоб зада, посух нахоҳад дод. Шояд барои он ҷавоб надиҳад, ки Салима паси дар истода, суханони ўро шунавад.
Мулло Шокир нафаси дароз баровард, Садафмоҳ гумон кард, ки вай «оҳ» кашид, вале ў дар асл хоб буда, кўфти давуғеҷ акнун барорад. «Акаи Таварро надидӣ?» пурсиданӣ буд Садафмоҳ, зеро ў

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор