Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Тўтӣ аз шавқ сари ҷогаҳ нишаст, вале хоби Қумрӣ зуд бурд. Дар тақ-тақ шуд. Санам бародараш гумон карда, напурсида, дарро кушод. Салима паси дар буд. «Сўҳбататон дароз, гумонам, ки Мулло Шокир омада бошад» гуфт ў.
«Мулло Шокир биёяд, аввал ба зиёрати ту дарояд» аз таги ҷогаҳ талх гуфт Садафмоҳ. Салима чизе нагуфта дарро пўшид, гўё сухани палонҷашро нашунид, аммо дар дил кина гирифт.
Дар боз тақ-тақ шуд. Санам боз дарро кушод. Паси дар Мулло Шокир меистод.
— Биё, ака! – гўё аз омадани бародар ба дигарон дарак дод Санам.
Тўтӣ фиғон карда хест, Қумрӣ ҳам бедор шуд.
— Ҳамара парешон кардӣ, ака, чӣ гап? – аз номи дигарон низ пурсид ў.
— Ҷеғ зада буданд, Душанбе рафтам.– Росту дурўғи ин гапро худаш медонист.
Садафмоҳ забон зери дандон гирифт.
Духтарчаҳо қариб дар китфони падар савор буданд. Санам оҳиста аз дар баромад. Духтарон фиғон бардоштанд, ки «Бузаки ҷингилапо» нотамом монд: Алўлаку Булўлакро кӣ хўрдаст?
— Шаби дигар,– гуфта модар онҳоро хобонданӣ шуд. Вале баъди чанд лаҳзаи баромадани Санам берун моҷарое барпо шуд:
— Чаро нест гуфтӣ? Ҳамин ҷо будааст-ку?! – пўписаи палонҷи калонӣ омад.
— Ҳозир омад, беион! Қаровул ки будаӣ, чаро аз дасташ кашола карда ба хонаат надаровардӣ? – паст наомад Санам.
— Ман парвои омадану наомадани ўро надорам, лекин ин кўдака бин, «дада» гуфта ёдаш рафт.– духтарашро нишон дод Салима.
Садафмоҳ дарро кушод, аввал чизе нагуфта истод, сонӣ тоқат накард:
— Марҳамат, ягон кас пои шуморо зада намешиканад, Мулло Шокир аз шумо... Лекин ёди кўдак рафта бошад, монед омадан гирад,– гуфта Садафмоҳ якбора дил холӣ шуданӣ буд, аммо дар овозаш як оҳанги ҳақорат ҳис мешуд. Магар Салима ҳамин ҳақоратро пай бурд, ки гапашро гум кард ва шах шуда истод. Сонӣ ба худ омада, мўйи духтарро, ки назди хоҳарон даромадан мехост, дошта кашид.
— Пеши Қумрӣ мерам, оча! – бехи дардёфтаи мўяшро дошта гуфт ў. Аммо Санам ба Ҳалима амма бошад ҳам, барои халосии вай наомад, яқин аз мағали янгааш тарсид; ҳама аз ў метарсиданд, ба қавле ў ашад буд. Ҳамин қадар ки бесавод аст ва ҳуқуқи худро надонад, вагарна аз ў халос шудан амри муҳол аст, аз ин рў Санам ба мағалу ҷанҷоли вай ҳамроҳ намешавад. Санам номаълум ба хонааш рафт. Дар хонааш касе нест. Шавҳараш дар ҷанги босмачиён ҳалок шудааст, фарзанд надорад, ҳудашу хонаи холиаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор