Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман ғайр аз ту каси дигарро нахоҳам, Садаф,– ўро канор кашид ва бо ҳамин хост муҳаббати бепоёни худро бори дигар ба ў нишон диҳад. «Ҷои ту дигар».
Ин лаҳза дили сахтгаштаи Садафмоҳ гирист, вале худдорӣ кард ва бо оби даҳон гиряи гулўгирро фурў бурд. Чандин рўз аст, ки гиристан хоҳад, аммо мардонагӣ кунад. Ў на барои Мулло Шокир шуда гиристан хоҳад, балки барои бевафоии мард ва қадри худ сўзад. Дар вақташ Мулло Шокир кам ваъдаю воиз накардааст, кам пеши пои ў худро наандохтааст, акнун...
— Корат бо ҳамин буд мешавад? – ба тангаҳо ишора карда гуфт зан.
Мулло Шокир як ба тангаҳои зарду сурхча нигарист ва хориаш омада ба чашму рўи Садафмоҳ нигоҳ карда истод. Чашмони Садафмоҳ барқ заданд, дили мардакро сўзониданд, ў донист, ки дар олам аз ин чашмҳо зеботар чашме шуда натавонад.
— Гир, ака,–ҳоло ҳам тангаҳо рўйи даст дароз дошта гуфт Садафмоҳ. Вале суханаш ба мардак чӣ сахт расид, худаш надонист.
— Чӣ гуфтӣ? –наъра кашид Мулло Шокир.
— Гапи худат.
— Ман дар зарурат гуфтам...
— Дигар зарурате нест?
Мулло Шокир худдорӣ карда натавониста аз дар бадар рафт ва дер баргашта, боз дуру дароз ғайб зад. Чунин ғайб заданҳои ў нав набуд.
Агар Мулло Шокир тангаҳоро гирифта мерафт, Садафмоҳ яқин мекард, ки барои Ҳурбибӣ рафтааст, аммо ў бегап, бесабаб ва номаълум ғайб зад, ба касе чизе нагуфта рафт. Ҳатто хоҳараш Санам, ки аз нақшаҳои бародар бохабар ва куҷо рафтани ўро медонист, аз сафари навбатии ў бехабар аст. Агар Садафмоҳ бохабар буд, қисмати такрорашро нафрат хонда аз ин даргоҳ баромада мерафт.
Афсўс ки надониста, бозгашти шавҳарро интизорӣ мекашад.
Садафмоҳ бори аввал дар чаҳордаҳсолагӣ ба шавҳар баромада буд, он вақт низ рўи палонҷ омада буд. Палонҷҳо ўро азоб медоданд ва аз вай чизҳое мепурсиданд, ки ақлаш намегирифт:
«Бобит бо ту чӣ кор мекунад? Ба ту чиҳо мегўяд?» Садафмоҳ фақат китф дарҳам мекашид. Вале онҳо мўяшро кашида маҷбур мекарданд, ки рост гўяд.
— Бобӣ ба ман чизе намегўяд, сари зонуш шинонда, дўстдорӣ мекунад,– ҷавоб мегуфт Садафмоҳ, вале намедонист, ки аз палонҷҳо чӣ пеш ояд.

...Садафмоҳ боз палонҷдор...
...Садафмоҳ байни духтаронаш бихобид. Дар паҳлўи Қумрӣ аммаашон Санам ёзид ва барои он ки хоби духтарон барад, афсонаи «Бузаки ҷингилапо»-ро мегуфт.

пешина
аз 429
навбатӣ