Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Аз давраи падаршоҳӣ то имрўз мард – шавҳарро эҳтиром кунанд, баъзан ўро чун Худо парастанд; кадхудош хонанд; баъзан чун аз Азроил аз ў тарсанд.
Мулло Шокир Сиёҳмушкинро савор шуда аз дарвоза баромад, танҳо баъди он Садафмоҳ тавонист, ки азмашро ба ҷо орад. Ў низ сўи Душанбе роҳӣ шуд ва баъди се рўз баргашт. Чӣ аҷобате буд, ки Мулло Шокир дар ин се рўз аз паи ҷустуҷўи вай нашуд, ё кори заруре дошт ва ё набудани Садафмоҳ барояш беҳтар буд, вагарна як соат Садафмоҳ аз наздаш дур шавад, ҳазор бор аз дигарон мепурсид ва ё аз паи ҷустуҷўяш меафтид. Садафмоҳ низ аз чунин рафтори шавҳар ҳайрон. Вай гумон кард, ки баробари рў ба рў шудан шавҳар сахт гуфта дили вайро ранҷонад ва ў худдорӣ накарда, ноҷо гуфта, бо ҳамин ба зиндагиашон нуқта гузоранд.
Вале вакте, ки Садафмоҳ аз камарбанди зарринаш чанд тангаи тилло бароварда ба шавҳар дароз кард, ў чизе нагуфт:
— Бигир, ман барои ҳамин рафта будам,– ҳайрати шавҳарро дида гуфт ў.
— Ин ба ман чӣ лозим? – гўё аз мақсад бехабар бошад, худро ба нодонӣ зад шавҳар.
— Қалини калон пурсиданд, гуфтӣ-ку?
— Қалини калонро аз ту напурсидаанд-ку!
— Чӣ фарқ, дорад? Байни мо моли ману моли ту набуд-ку?
Мулло Шокир беихтиёр тангаҳоро гирифта дар дасташ бозӣ доронд, сонӣ руи гилем партофт:
— Дер шуд,– гуфт ў.
— Чӣ, ўро ба дигар кас доданд?
— Доданд, надоданд, дер шуд. Ман барои вай шуда туро хафа кардам, Садаф…
— Не, ман хафа намешавам, ту хурсанд бошӣ, шуд,– рўбоҳӣ кард Садафмоҳ.
Мулло Шокир ҳарфи ўро рост пиндошта каме қоматашро бардошт, аз такяи болишт хест ва Садафмоҳро наздик кашида ба гап даромад:
— Лекин як шарт дорам, Садаф... Худат бояд миёна даромада ин корро кунӣ, вагарна барои ту шуда ман ин корро намекунам.
— Хуб,– кўтоҳ ҷавоб дод Садафмоҳ, вале дар таги дилаш тамоман нияти дигар буд: – Худат рафтан гир, Мулло. Агар рўзе хоҳар набудани маро фаҳманд ҳам барои ман хуб нашавад ва ҳам барои худат,– боз муғамбирӣ кард ў. – Ба ту хушбахтӣ хоҳам,– тангаҳоро аз рўи гилем бардошта ва ба Мулло Шокир дароз карда гуфт ў.
— Ҳм, маро фан кунӣ-а?
— Ман ягон бор туро фан карда будам?
Мулло Шокир посух надод, чӣ андеша дошт, худаш донад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор