Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Не…– Ба чӣ маънӣ «не» гуфт, Садафмоҳ нафаҳмид. –Ту зани босмачӣ набудӣ!
Садафмоҳ хеста берун баромад.
Мулло Шокир девори намкаш барин гуфтаҳои Садафмоҳро дигар хел қабул кард: гумонаш, зан ба ў таъна занад, ки «шавҳарамро куштӣ, маро ба домат андохтӣ, акнун алами маро тоза карданӣ шуда, дидаю дониста маро барои зани нават «хоҳар»
гуфта ба хостгорӣ бурдӣ». Вале Садафмоҳ дар рўи ҳавлӣ нақшаи дигар кашид: «Зудтар аз ин морхона бояд гурехт». Ў ба мохи пурраи осмон, ки номаълум ба сўи мағриб мелағжид, чашм дўхта, ҳамаи дидаю надида, ҳамаи хостаю нахостаҳоро бори дигар мулоҳиза кард ва хеле хаста гашта, пушт бар сутуни айвон такя дода нишаст. Шир-шири оби ҷўй меомад ва садои ба замин сум задани Сиёҳмушкин, дигар ҳама ҷо хомўшӣ. Баъд аз зери айвони дарун садои сурфаи Салима баромад. Сонӣ худаш ба Садафмоҳ наздик шуд.
— Гуфтам, миёни шумо ягон гап шудагӣ,– чизе хостанӣ шуда ба гап даромад Салима.
— Ҳеҷ чиз, ҳамту худам гирифтор, – базўр ба гап даромад Садафмоҳ.
— Не, гап ҳаст.
— Хайр, бошад чӣ? – кафид Садафмоҳ.
— Бошад, гўй.
— Ҳаа,– пичингомез мадд кашид Садафмоҳ.– Ҳамин қадар гуфтаамон панд шуд, боз гўем,– боз пичинг кард ў.
Салима аз гапи палонҷ рамуз гирифта яқин кард, ки дар ин ҷо ягон гап ҳаст, андаке хомўш истод, сонӣ чу мотгар назди Садафмоҳ нишаста ба гап даромад:
— Ту ҳоло кўдак, Садафмоҳ, ба баъзе гапҳо сарфаҳм намеравӣ, агар ягон гап бошад, беҳтараш ба ман гўй, ҷомаи бомаслиҳат кўтоҳ наояд.
Чу мор аз таги дили палонҷ даромаданӣ шуд ў. Аммо Садафмоҳ чандон даҳани амма набуд. Ў ҳоло Мулло Шокир барин марди пухта ва кордидаю муғамбирро фанд карда, аз азоб ва талху пичингҳои Салима халос хўрданӣ буд. Дергоҳ ба маслиҳатҳо ва макру ҳилаҳои Салима гўш дод, вале ба ягон гап ба бозхосту хоҳишҳои ў ҷавоби аниқ надод. Аз ин рў Салима муроде ҳосил накарда, «дер шуд» гуфта ба хонаи хобаш рафт, ки шояд навбати омадани шў бошад.
Садафмоҳ чунон оҳиста ва боэҳтиёт ба хона даромад, ки на духтарон пай бурданд ва на Мулло Шокир.
Садафмоҳ саҳари баланд аз хоб хест, то озими роҳ шавад, аммо истиҳола кард, ки ҳар чӣ бошад - набошад шавҳар аст, дар пеши чашми Мулло Шокир баромада рафтан ноҳурматии гузарост, ба ҳар ҳол дар ин сарзамин эҳтироми мард ҳоло аз ёдҳо нарафтааст.

пешина
аз 429
навбатӣ