Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Чунин таъбир ҳамин шабу рўз пайдо шуд, вагарна Садафмоҳ ҳама вақт сари зонуи Мулло Шокир буд ва барои ин рафтор аз палонҷи калонӣ – Салима танбеҳ медид.
Тўтию Қумрӣ аз кўча даст ба даст гирифта фарёдзанон омаданд ва бо чунин рафтор миёни сўҳбати ночаспони модару моиндарро шикастанд. Ҳамроҳи онҳо духтари Салима Ҳалима низ буд. Онҳо ҳамроҳ бозӣ мекарданд, дар миёни бозиҳои кўдаконаи онҳо ҳеҷ қилу қоле набуд, ҳамдигарро хоҳарони ҳамтан медонистанд, аммо боз Салима миёна мешуд ва ба гўши духтарчаи нофаҳмаш мехонд, ки ҳамроҳи духтарони Садафмоҳ камтар бозӣ кунад. Духтарони Садафмоҳ гуфта, махсус онҳоро ҷудо мекард, лекин Садафмоҳ ягон бор ба гўши духтаронаш нахондааст, ки Ҳалима барои онҳо хоҳарандар бошад. Ҳоло Салима номаълум ба духтараш теғ кашида онҳоро аз ҳам ҷудо кард.
Тўтию Қумрӣ баробар «отам ку?» гуфта аз модар пурсиданд, аммо ҷавобе нагирифта ҳайрон монданд ва мағалро бардоштанд, ки чаро модар ба онҳо ҷавоб надиҳад. Садафмоҳ низ ҳамин мағалро истифода бурда ба хона даромад, аммо дар торикӣ надид, ки шў хоб аст ё бедор.
— Отаи Тўтӣ, хоб дорӣ? – пурсид ў, аммо ҷавобе нагирифт.– Бефара шудӣ? – боз пурсид. Шавҳар худро ба хоб зада, ҷавобе надод. Садафмоҳ паҳлўяш нишаст, аммо духтарон ба хобу бедории падар аҳамияте надода, ҳала-ҳала карданд. Мулло Шокир ғел гашта ба шикам хоб кард, то духтарон пушташро зер кунанд, (Ў ҳар вақт хастагиашро чунин рафъ мекард). Духтарон хуб тахтапушт ва пойҳои падарро зер карданд, сонӣ ба ҷогаҳ даромада зуд хобашон бурд.
— Хафа шудӣ? – аз шавҳар пурсид Садафмоҳ.
— Ин чизро ба гуфтан нафаҳмӣ, Садаф,– паҳлў гашта ҷавоб дод Мулло Шокир.
— Нафаҳмам, бифаҳмон.
— Дар роҳ гуфтам-ку... Қалинаш калон...
— Агар ту барои ҳамин хафа бошӣ, қалинаш тани ман...
— Чӣ хел? – сару тан аз ҷогаҳ бардошта пурсид Мулло Шокир.
— Назди бародарам Тавар меравам...
— Не! Не, Садаф, фақат назди вай не.
— Барои чӣ?
— Барои он ки Тавар пул надорад.
— Дорад. Пулҳои шавҳарам Мири Раҳмон дар дасти ўст.
— Мири Раҳмон? – ҳайрон шуда пурсид мардак. — Ҳамун босмачӣ? – таҳқиромез гуфт Мулло Шокир.
— Ҳа, ҳамун босмачӣ... Ту сахт хато кардӣ, командир шуда зани босмачиро гирифтӣ....

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор