Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунин рафтори ў гўё барои он буд, ки зани калонии дар паҳлўдарии дари ҳавлии дарун такя задаро хурсанд мекарда бошад. Чунин ҳол ба Садафмоҳ сахт расид. Дигар чизе барои вай аҳамият надорад. Садафмоҳ ба кадри худ сўхт. Овозаи ҳусни ў аз Харангон то Намангон рафта буд, вале Ҳурбибиро кӣ донад, ки ин қадар Мулло Шокир ба ў гирифтор шудааст. Ин як хоҳиши мард будагисту бас. Шояд... Лекин маълум шавад, ки Мулло Шокир барои ҳаёти нав мубориза бурдаасту сохти навро нафаҳмидааст. Фақат аз зери зулми ҳокимону амирон ва бойҳо раҳо ёфтанро фаҳмидааст, аммо ин озодӣ озодии умумӣ – дар ҳама соҳа озодист, махсусан, барои занҳо озодӣ. Ҳамин чизро Садафмоҳ донад, аммо ба шавҳар гуфта натавонад, агар гўяд, шў ин гапро эътироз гумон кунад.
Мулло Шокир ба хона даромад. Садафмоҳ дар ҳавлии берун лаби ҷўй нишаст. Чунон ки дар афсонаҳо қисса кунанд; духтарон соатҳои дароз лаби об нишаста рўю мўй ба об шуста, орзую ҳаваси худро ба об гўянд. Ба назар Садафмоҳ чунин рафтор кунад:
«Ха-айр, Ҳурбибӣ ба ту маъқул, лекин қалинаш калон» андаке овоз бароварда оҳолуд гуфт зан, баъд гўё ки касе гапашро шунида бошад, ба атроф нигарист. Яқин кард, ки касе аз сухани ў огаҳ нашудааст, хотирҷамъ шуд, сонӣ як тора себаргаро канда ба гули бунафшаранги он нигарист, ки пўпаки каллапўши кўдакон барин тобад, хеле нигарист ва бо кадом нияте бошад, ки онро ба оби равон сар дод ва то аз обмўрӣ баромада рафтани он нигоҳ кард, сипас гуфтааш, нияташ ба амал пайвастагӣ барин бархоста домон афшонд, ки муроду мақсадаш ҳамин бошад. Баъд аз нав як қадам болотар лаби ҷўй нишаста дасту рўяшро ба об шуст, ки ҳама фикрҳои парешон ва хоболуди ўро об бубарад. Вале андешаҳояш дур нашуданд, вай акнун дар бораи об фикр мекард, ки дар дунё аз об чизи тозатар ва аз об чизи ифлостаре нест. Ҳама ифлосиҳои сари роҳашро рўфта барад, ғализу дилнокаш шавад ва ғал гашта-ғал гашта чунон худро тоза кунад, ки софтар аз он чизе нашавад. Аммо одамӣ ин хел не, агар ягон нопокӣ карда монад, ба соф кардани он рўяш нашавад, гўё соф кардану иқрор кардани он ифлосии дубора мешуда бошад. Садафмоҳ ҳар қадар ба оби ҷўй нигарад, ба назараш ҳамон қадар оби он тозатар намояд: «Об се ғел гардад – ҳалол».
Садафмоҳ аз дергоҳ дар хона нишастани шавҳар парешон гаш та хона даромаданӣ буд, ки палонҷи калонӣ пеши роҳи ўро гирифт:
— Ба шумо чӣ шудааст?
— Ҳеҷ чиз – аз саволи Салима ҳайрон шуд Садафмоҳ. Ў, ки аз гуфтаҳои палонҷ наосуда буд ва ҳар чӣ гўяд, онро дигаргуна истифода мекард, дониста ин бор нагуфт, ки онҳо куҷо рафтанд, нақшааш ҷиддӣ буд, гап назад. Ҳар чӣ шавад, шудан гирад, ў бояд илоҷи кори худро ёбад, то аз ин доми «бало» раҳо гардад.

пешина
аз 429
навбатӣ