Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Ёди ту ҳам ба хайр…
Асп якмаром мерафт. Садои суми он хомўшии шабро халалгор буд. Чунин садо низ ба гўши Садафмоҳ бад расид. Ў нахост, ки ҳамчун бори гарон бар дўши ин ҷонвар савор бошад. Аспи безабон ҳаминро пай бурда, сахт-сахт сум занад, то садояш ба гўши ҷавонзан нофор расад. Садафмоҳ хоҳад, чунон аз думғозаи асп шорида ба замин фарояд, ки на асп ҳаракати беҷо кунад ва на савор пай барад. Вай дастро, ки саҳле аз бари яктаки шавҳар медошт, оҳиста пас кашида хоста баҷо оварданӣ шуд, вале боз чизе ва ё фикре, хаёле ба амалиёти ў монеъ гашт. «Куҷо ҳам меравам?» Андеша халал расонд. Фикри духтаронаш ба сар зад, падари духтарон будани саворро фаромўш накард, вале як чизи тезе – аз алмос ҳам тезтар, дилашро чок карда гузашт; чӣ буд?
Надонист. Хашм набуд, ғазаб набуд, рашк набуд, агар чизи сахттаре, сўзандатаре бошад, ҳамон буд, ба мисоли ору номус, нанг ва қадрдононию қадрсўзии худ.
— Дидӣ? – гўё то ҳол ба ҷои Садафмоҳ фикр карда бошад, кафид Мулло Шокир.
— Дидам,– таваккалӣ ҷавоб дод Садафмоҳ.
— Чӣ хел?
— Мешад, – сўҳбати аввалаашонро ёд оварда гуфт Ў-
— Ёдат ба хайр…
— Ёди ту ҳам ба хайр…
Ин бор мард ҳайрон монд аз такрори сухан кардани зан, ба садои суми асп гўш дода, хомўш монд, баъд кафид: «Лекин ҷудо баланд рафтанд».
Садафмоҳ нафаҳмид, ки сухан аз чӣ равад, напурсид ҳам. Тахмин мекард, вале хомўш буд. Умед дошт, ки мардаки бемулоҳизаи хомхаёл аз бардори «қаҳрамонӣ» ҳамаро гўяд. Лекин шўй муғлақ гап зад:
— Инсоф ҳам даркор, ин қадар ҳам набудагист... Тавба...
Садафмоҳ интизор, ки ў боз чӣ гўяд.
«Калон гуфт, то ман аз баҳри духтараш бароям». Такрор кард ў ва Садафмоҳ донист, ки дар таги гап чист; қасдан ба гап ҳамроҳ шуд:
— Ба шумо чӣ? Шумо як хостгор одам.
— Чӣ хел? – лаҷоми аспро сахт кашида ва гардан тофта, ба Садафмоҳ рў овард Мулло Шокир.
Асп бозистод, вале Садафмоҳ ҷавоб дода натавонист.
— Чӣ хел ман хостгор? Хостгор – ту! Ман... медонӣ, ман кӣ?...
Ҳамаашро ба ту гуфтам, худатро ба нодонӣ назан! Кори дунё ин хел нашудааст!
Дами Садафмоҳ ба дарун зад, аз таҳкобӣ пушаймон шуд. Донист, ки худро дар байни он мардум хоҳари Мулло Шокир эълон кардан чӣ маънӣ дорад, бо вуҷуди он бовар накард. Бовар накард, ки Мулло Шокири барои ў сўхтаю пухта, макру ҳиял ба кор бурда имрўз ўро хоҳар эълон карда, ба болояш боз ноболиғаро гирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор