Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

З-ин сабаб Садафмоҳ забони ногўёи аспро гуё карданӣ шуда пурсид:
— Ту уболро намедонӣ?
— Уболаш чияй?
— Кас, ки ҳамдигарро акаю хоҳар гуфт...
— Зарур бошад – раво бошад,– сухани Садафмоҳро бурид ў.
— Дар ин ҷо чӣ зарурате будааст?
— Садаф! Ту ба ман қавл додӣ, ки ҳар хоҳише кардам, иҷро бикунӣ?
— Қавл додам...
— Мо ба меҳмонӣ меравем, соҳибхона одами хуб...
— Хайр?
— Вай... ана... вай... духтаре дорад...
— Хайр?
— Ту ҳамроҳи духтараш бозӣ мекунӣ...
— Духтари ўро ба ман гирифта медиҳӣ...
— Садаф!
— Чӣ Садаф?! Гапат бошад, рўирост бигўй.
— Меҳмон шавем, худат мефаҳмӣ. Ту ба духтари соҳибхона диққат бидеҳ, маъқул шавад, дугонаат кунам. Фаҳмидӣ?
— Фаҳмидам.
— Ёдат ба хайр...
Садафмоҳ бо зану духтарони соҳибхона дар хонаи дигар нишаст ва Мулло Шокир ҳамчун меҳмони азиз андар хонае, ки мардҳо ҷамъ омада буданд. Садафмоҳ ҷавон бошад ҳам, дар хумдон пухтагӣ барин, ба қавли баъзе одамон, зирбидагӣ. Вай бо духтари соҳибхона бозию шўхӣ карда натавонист, гап ҳам назад, чизе ҳам напурсид. Аз ин нишаст ҳамин қадар фаҳмид, ки номи духтарак Ҳурбибист. Вале аз Садафмоҳ напурсиданд, ки ба Мулло Шокир кӣ шавад; лек дар хонаи мардон Мулло Шокир гуфта, ба онҳо мефаҳмонд, ки «духтараки» ҳамроҳаш омада хоҳараш аст. Дар он ҷо гапи зиёде, аммо дар ин хона Садафмоҳ ғамӣ. Шавҳарро чун ном бурда ҷеғ заданро надонад. Мулло Шокир бепарво, хаёли хестан ҳам накунад. Садафмоҳ погардон карда, пойҳо зери домон гирифта нишинад ва зиққии худро рафъ гардонад.
Мулло Шокир хеле дер хест. Ҳамроҳи соҳибони хона хайрухуш кард, аммо дар роҳ пурандўҳ буд. Ҳарфе намезад. Гоҳ-гоҳе нафаси дарози оҳмонанд мекашид. Садафмоҳ нафаси дар лунҷҳо дошта, сонӣ номаълум сар додаи ўро мешунид ва дамидану паст шудани китфонашро дониста, ягон чиз напурсид.
— Ту ба онҳо чӣ гуфтӣ? – хомўширо вайрон карда пурсид Мулло Шокир.
— Ҳеҷ чиз... Онҳо напурсиданд, ман ҳам чизе нагуфтам. – Ҳаросида ҷавоб дод Садафмоҳ.
— Ёдат ба ҳайр…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор