Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

вай даромада меҳрубониҳои зиёде кард ва хушомади бисёре зад:
гардани баёзи ў ва нармаи гўшашро молиду сойид ва «Ту шоҳзанҳо барин, маликаи хубон ту, Садаф» гуфта таърифу тавсиф кард. Вале Садафмоҳ сабаби ин меҳрубонию таърифро нафаҳмид, ба ивазаш надонист, чӣ хидмате бикунад, бинобар он ў низ шавҳарро ситоиш кард, ўро ба шамшербадастону камонварони машҳури афсонавӣ монанд кард ва ба қаҳрамонҳои «Шоҳнома» баробар.
— Мон ин гапҳоро, Садаф, – аз матлаб дур будани таърифи занро дониста гуфт Мулло Шокир.
— Охир ман намедонам, ки ин меҳрубониҳои туро чӣ хел ҷавоб гардонам,– муғамбирӣ мекард ё нодонӣ.
— Нахоҳам, ки ту азоб кашӣ, Садаф. Ту фақат малика барин дар хонадони ман бошӣ, кифоя.
— Не, маи барои ту хизмат карданӣ, ба ҳама гуна хизмат ман тайёр.
— Ба ҳама-ҳама? – ҷон гирифта пурсид Мулло Шокир.
— Ба ҳама-ҳама,– ба оҳанги савол ҷавоб дод Садафмоҳ ва ҳис кард, ки дилаш шуввӣ фурў рафт.
— Ин хел бошад, пагоҳ ҳамроҳ як ҷой меравем. Дар роҳ ҳама гапро мегўям, акнун хоб бикун. Ба ҳама гап розӣ, а? – такроран пурсид ў.
— Розӣ, розӣ – дили ўро пур кард Садафмоҳ.
...Пагоҳи барвақт Мулло Шокир Садафмоҳро пушти асп гирифта сўйи ағбаи Чаҳормағзак роҳ сипарид. Садафмоҳ гумон кард, ки ўро аз ҳаддаш зиёд дўст дорад, барои ҳамин пушти асп гирифта саёҳаташ барад.
— Ту ҳоҳари ман ва ман акаи ту, Садафмоҳ,– ногаҳон аз бом тароша афтидагӣ барин гуфт Мулло Шокир.
— Чӣ хел? – ҳуш аз сараш парида ва саҳл монда буд, ки аз пушти асп афтад, пурсид Садафмоҳ ва хомўш шуд.
— Хобат бурд? – бо оринҷи чап Садафмоҳро нихта карда пурсид шў.
— Нне...
— Гапамро фаҳмидӣ?
— Ҳҳа...
— Ёдат ба хайр.
— Ёди ту ҳам ба хайр,– чӣ маънӣ доштани сухани шавҳарро нафаҳмида гуфт Садафмоҳ.
Ҳарчанд дар ин кўҳу гузар «шумо-шумо» намегуфтанд, Садафмоҳ шавҳарро «шумо» туфта, одат кунонида буд, аз якбора «ту» гуфтани зани нағздида ҳайрон монд, сонӣ як бор сурфид.
Садафмоҳ низ надонист чӣ гўяд, аз лангар дода адирро рост рафтани Сиёҳмушкин маъние пай бурдан мумкин буд. Гумон мекард, ки аспи рамузфаҳм ҳамин маъниро ба мард фаҳмонданӣ, аммо ў худро ба нодонӣ зада, фаҳмидан нахоҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор