Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Сиёҳмушкин қадам мезад ва Қумрӣ бозӣ мекард, ба майдони ду канори роҳ назар меафканд ва касе ё чизеро ҷўё буд.
— Тўтӣ куҷо бошад, дада? – пурсид ў.
— Дар пахтачинӣ,– ҷавоб дод падар.
— Ман ҳам пахта мечинам...
— Пагоҳ ҳамроҳи Тўтӣ меравӣ...
Тўтию Қумрӣ духтарони Садафмоҳу Мулло Шокиранд. Садафмоҳ ҳар неку баде ба миён ояд, аз бародараш Тавар донад ва дар лаҳзаҳои танг бародарашро дуои бад кунад, ки ўро ба чунин ҳол гирифтор кард. Вале Қумрӣ нафаҳмад, ки чаро зиндагӣ ин зайл аст, чаро ў се модар дорад?
Дар ҳақиқат ў се модар, ду падар, як хоҳару як апаву як аммаю як тағо дорад. Вақте ки Қумрӣ ин ҷо – канори дарёчаи Элак меояд ғайр аз модари худи худаш ва тағояш ҳама ҷамъ шаванд. Валс кўдак надонад, ки аз дили ҳар кадоми онҳо чӣ гузарад, кадоме ўро дўст дорад, кадоме не, баъзан аз рўйи ақли кўдаконаи худ фарқ кунад, ки аммааш дилсўзӣ кунад, вале муомилаю меҳрубонии апааш Тўтӣ дигар аст. Аз ин рў баробари бо Тўтӣ вохўрдан ҳамдигарро ба оғўш кашида гирянд. Баъд Тўтӣ аҳволи модарашро пурсад, Қумрӣ «нағз» гўяду монад ва баландтар гиряд, ки падар ба модар нафаҳмонида ўро дуздида овард.
Қумрӣ апаашро сахт пазмон шудааст. То омаданаш беқарорӣ кунад. Офтоб ғуруб кард ва ба назари Қумрӣ Тўтӣ наояд. Аз ҳавлии берун ҳам баромада дар буни дарвоза омадани апаро нигарон истод, то тезтар ба дидораш расида, гуфта ё гириста дилашро холӣ кунад.
Он шаб Тўтӣ наомад, Қумрӣ хун гирист. Падараш ҳам наомад, то куҷо рафтани Тўтиро аз ў пурсад. Модарандари хурдӣ – Ҳурбибӣ ўро дилдорӣ кард, то нагиряд. «Онҳо шаббош пахта чинанд»
гуфт, аммо Қумрӣ қабул накард, ба хаёлаш, бо Тўтӣ коре шуда, падараш ба бачча зор гашта ўро дуздида овард. Он қадар Қумрӣ гирист, ки аммаву Ҳурбибӣ ором карда натавонистанд. Дилдориву гуфтор ба гўши палонҷи калонӣ нафорид: «Мон ҳамонро, мон ҳамон аҷинаро!» Ин гап на танҳо ба Қумрӣ, балки ба аммааш Санам ва ба Ҳурбибии бефарзанд сахт расид ва Санам маҷбур шуд, ки духтарчаро бардошта ба хонаи худ барад ва шаб то рўз ба вай афсонаи бузаки ҷингилапоро ҳикоят кунад: «Буд-набуд як бузаки ҷингилапо буд…»
«…Нагў, амма…»
Аслан дар ин кору моҷаро ва хору зор гаштани кўдак худи Садафмоҳ айбдор аст: ба марди дузана бояд намерасид, сонӣ набояд ба гапи ў медаромад. Рўзе Мулло Шокир аз таги дили

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор