Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Гўё (ба қавли одамони он ҷо) номашро гиранд, водӣ ларзад. На ба он маънӣ, ки дар водӣ зулм карда бошаду ҳама аз ў тарсанд, балки аз ин хусус, ки вай барои озодӣ мубориза бурда тухми босмачиро бехтааст. Мардум аз Мулло Шокир натарсанд, балки рафтору овозаи ў баъзе касонро ба воҳима андохтааст, на воҳимаи тарс, балки як навъ эҳтиром. Аммо Садафмоҳ ба чунин касон нафрат дорад, ки шавҳари ў барин касони барои онҳо азизро нобуд кардаанд ва агар донад, ки кушандаи шавҳараш аст, кӣ донад, ки чӣ кор кунад. Агар фаҳмад, ба обрў, овоза ва эҳтирому камонварии ў туф кунад ва шояд чу паланги бадхашм ханҷол зада харошад, чунон харошад, ки тамоми умр аз одамон рўй пинҳон кунад. Ҳайф, ки надонад ва дар бораи дигар чиз фикр кунад:
«Шояд барои камарбанди заррин бошад?» Аммо Мулло Шокир дар бораи камарбанди заррини ў, ки аз шавҳари давлатмандаш мерос мондаст, чизе надонад.
— Чӣ хоҳӣ аз ман? – шишаи тафсони қатраи оби сард расида барин кафида гуфт занак.
— Наход ҳамин қадар гўяму нафаҳмӣ? Гуфтам-ку дар ҷустуҷўят мўкиам ғалбер ва асоям сўзан гашт... Ту аз ман натарс, Садаф, вагарна ҳамаашро худат донӣ...
Садафмоҳ чӣ маънӣ кашид, ки заҳрханда кард. Чунин нағма ба марди номдор нафорид. Гиреҳи миёни абрўяш ба Садафмоҳ маълум шуд.
— Шумо бояд акаи маро шиносед...– Бо найранг «шумо» гуфта андаке хомўш истод, то ў чӣ ҷавоб диҳад, Мулло Шокир ба ин гап эътиборе ҳам надод.– Мешиносед ўро, Тавар-командир.
— Кадом Тавар-командир? – гўё аз хоб бедор шуда ба гап даромад ў.
— Ҳамоне ки шумо барин тухми босмачиёнро дар Зиддию Қаратон қир кардааст.
— Э ту рост гўӣ?
— Рост гўям.
— О намегўӣ, ки ман хоҳари ҷўраат мешам.
— Хоҳари ҷўраатон мешам.
Мулло Шокир ғур-ғур кард.
Садафмоҳ аз гуфтааш шод шуд, аммо вай ба ин маънӣ нагуфта буд, ки онҳо шинос бароянд. Ин гап мардакро ба фикр андохт...
— Ҳамроҳи акам ба хона биёед,– барои халосӣ гуфт Садафмоҳ ва дар ҳақиқат баъди се рўз Мулло Шокир ҳамроҳи Тавар ба хонаи Садафмоҳ ҳозир шуд. Садафмоҳ чӣ кор карданро надонист, ба сари заифиаш обу зиёфат кард, вале худ назди онҳо нанишаст.
Аз омадани онҳо масъала ҳал нашуд, фақат Мулло Шокир ба ин манзил бемалол омада мерафтагӣ шуд: Таварро пурсида меомад, бозор омада будам, як бинам, гуфта меомад, ва чӣ хеле ки хоҳад, баҳона карда меомад, аммо чунин омаданҳо ба Садафмоҳ хуш наомад, лекин аз гардиши айём чӣ шуду чӣ монд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор