Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Худо туро барои ман офаридааст, Садафмоҳ!
— …
— Рост мегўм, Садафмоҳ, худи Худо моро ба ии ҷо овардааст.
Садафмоҳ чизе нагуфт. Гўё чизеро пай бурда буд. Сараш хам, хаёле абрўи чапаш парид, ки ин аломати нохушии Садафмоҳ буд.
Аммо мардак ин чизро «сукут аломати ризо» дониста андаке ба вай наздик шуд ва сўйи ҷавонзан даст ёзид. Ҳамин вақт дар кушода шуда пиразан даромад. «Ту ҳоло ҳам нарафтай, бева?» пурсид Мулло Шокир ва чунин муроҷиат карданаш Садафмоҳро нафорид. Пиразан «ҳозир-ҳозир» гуфта аз тобадон чизеро гирифт ва даст пеши бар гирифта ва қоматашро дуто карда пас-пас рафт.
Ин ҳолат ба Мулло Шокир хуш омад, ки пиразан дар назди Садафмоҳ бо чунин рафтораш обрўи ўро бардошт. Аммо ин чиз ба ҷавонзан нафорид. Ба назари зани малеҳ Мулло Шокир беодоб ва авбош тофт. «Куҷо меравӣ, хола?!» аз паси занак дод зад ў.
Лекин Мулло Шокир ба пои ў афтида баромадан намонд. «Вай ҳозир меояд» гуфт ў ва сўйи дар рў оварда аз паси пиразан дод зад: «Дер накунӣ, бева!» Садафмоҳ дар кунҷи хона ҷой шуда чӣ кас будани ин мардро мулоҳиза кард.
— Ту наҳарос, Садаф, ту наҳарос! Худо моро барои ҳамдигар фиристодааст. Вагарна ту куҷо будию ман куҷо? Кабки сўр барин дар кунҷи хона ҷой машав, аз ман нагурез, дилу ҷонамро пеши поят нисор кунам... Оҳ... ту чӣ донӣ, ки дили ман, дили ғариби ман чӣ қадар барои ту гум мезанад. Не-е, ин чизро ту пай набарӣ.
Ту ба ҳусни худ ғарраӣ, ин чизро донӣ Садафмоҳ, донӣ, ки ҳазор кас ба ту ошиқ аст, аммо надонӣ, ки ҳеҷ кас ба зайли ман туро дўст дошта натавонад...
— Ту инро аз куҷо донӣ? – тоқат накарда сухани ўро бурид Садафмоҳ.
— Донам, ки мардон чӣ хоҳанд ва занҳо барои чӣ мардоне бимиранд.
— Барои ту барин мардон! Ҳамин хел не?
— Ман ин чизро ба ту гуфта натавонам, Садаф,– муғамбирӣ кард мардак.– Фақат ту аз ман нагурез, ту аз ман наҳарос.
Садафмоҳ аз ў на танҳо ҳаросид, балки тарсид ва ба суханонаш бовар накард. Ў боз хомўш монд ва ҳаросаш зиёда гашт, ба кунҷак ҷафстар шуд ва хост, ки похсадевори хонаи фақиронаи пиразан биафтаду ў зераш монад ё бигрезад пас-пас. Зеро яқин дошт, ки аз дар баромада натавонад. Мулло Шокир нагузорад. Бо ҳарос баргашта ба мардак нигарист, ки чашмонаш мисли чашми гурбаи ваҳшӣ сўяш шўълапошанд. Дили ҷавонзан бозӣ кард, аз қафаси синааш баромадан хост; фарёд заданӣ шуд. Вай дар бораи ин мард гапи беҳуда нашунидааст, вале дилаш ҳаросид. Баракс шунидааст, ки Мулло Шокир одами номдор, командир, шофу камои дорад, қамчинбадаст.

пешина
аз 429
навбатӣ