Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Куртааш низ сафеди тоза ва парпаргиребон буд ва хафабанди нуқрагини овезаҳояш аз тангаи Николаӣ дар қатори бахияи сиёҳриштаи гиребон ўро шоҳзан нишон диҳанд, фақат тоҷ намерасид. Ва гоҳе ки базм ҳамаро маст карда буд, Мулло Шокир аз баландӣ аҳд кард, ки бар сари ин маликаи хубон тоҷ хоҳад гузошт. Ба назари мардак ў аз садаф ҳам тозатар намуд. Зебо рақсид ў. Остини кушоди сафед ҳар лаҳза мисоли абрпорае рўи моҳашро мегирифт ва чунин тарзи рақсу рафтораш, ки як ҳаёи занонаро мемонд, ҳусни ўро зиёда гардонд. Ба чунин кабки зебои дарӣ на танҳо Мулло Шокири ғаюри номдор, балки ҳар сайёде ҳам дом андохтан хоҳад.
Мулло Шокир шукр кард ва ҳайрон буд, ки чун аз болои сафеддор наафтида сиҳҳату саломат ба замин фуромад, чӣ зайл пайкари ларзонн ў ба танаи лайси дарахт лағжид, чӣ хел дастони бемадору ларзонаш шоху танаи онро дошта тавонист. Вай сад бор, ҳазор бор шукр кард, ки касе аз рафтораш бохабар нашуд. Тори дарахт дасту пояш ларзида, ақлашро гум карда буд, вале ўро чӣ нигоҳ дошт, худаш надонад. Ин як афсона ва кирдорҳое ки карданист, аз афсона бартар аст, ҳатто ақл бовар накунад, ки дар зиндагӣ низ чунин рафторҳо шаванд. Мардак ба ин ғизоли зебо дом андохтанӣ шуд, имдодрасе хост ва боз ба ҳамон пиразани «мушкилкушо» рў овард. Пиразан ваъда кард ва ҳама хидматро ба зимма гирифт:
«ба шарте ки Мулло Шокир аз гапи ман набарояд» гуфт. Мардак низ ба шарти ў розӣ шуд, зеро барои мардак ҷуз Садафмоҳ чизе ё касе лозим набуд. Пиразани далла аввал бо Садафмоҳ ошно шуд, дар бораи шавҳараш ва кушандагони номаълуми он бисёр гапҳо зад, ақли ўро рабуд, бо вай рафту омад кард, духтараш хонд, сонӣ Мулло Шокирро чандин бор дар вақти будани Садафмоҳ ба хонааш хонд, Мулло Шокир омаду нашишта «кори зарур дорам» гуфта, худро марди серкор, бамаънию баодоб нишон дода рафт. Садафмоҳ низ кӣ будану чӣ будани ин мардро пурсид ва баъди таърифу гуфторҳои зиёде ба дили зани ҷавон оташ андохт.
Рўзе шуд, ки онҳо сари дастархони пиразан бо ҳам нишастанд.
Ҷавонмарди қоматбаланди хушбурут ба Садафмоҳ низ хуш омад, аммо кӣ будани ўро надонист. Надонист, ки кушандаи шавҳараш ҳамин марди рў ба рў нишаста бошад. Мулло Шокир ҳам аз ин чиз бехабар, вай донад, ки бо босмачиён мубориза бурда, тухми онҳоро қир кардааст, аммо надонад, ки маҳз шавҳари ин зани зеборо худаш куштааст. Ин чизро ҳеҷ кадоми онҳо надонашд...
Пиразан дар хонааш гургу гўсфандро ҳамроҳ гузошта худ баромада рафт.
— Ту маро девона кардӣ, Садафмоҳ,– хонаро холӣ дида арз кард Мулло Шокир.
— ...
Аммо ҷавобе нагирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор