Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Сабз аст ду канори роҳ ва Қумрӣ ҳамчун азизтарин зоти гетӣ зочасифат сари дасти савор, по бар зин устувор, ба ин манзили сабз назар дўхта аз ду канори роҳ касеро ҷўяд, вале ба савор нагўяд. Аммо ин марди зирак пай барад, ки духтар пой бар кўҳаи зин гузошта ва нозғунҷӣ карда ба атроф нигарад ва киро ҷўё шавад, аз миёни онҳое ки дар ду канори роҳ пахта чинанд, касеро дидан хоҳад. Аммо марди хомўш хоҳад, ки сар ба банди дили духтарак ниҳода гиряд, ғурури мардӣ иҷозат надиҳад. Баъд кокули дарози духтарро пеш кашида, бўяд ва ҳушу хаёлаш ба давраҳои гузашта равад: ёд орад, ки чӣ зайл дар ин диёр
– дар соҳилҳои Элаку Кофарниҳон овозаи ҳусну ҷамоли Садафмоҳ паҳн шуда буд ва Мулло Шокир чӣ чораҳои дидани ҷамоли ўро андешид. Так зад, боло зад, сонӣ тадбири афсонаҳои халқиро андешид: пиразанеро ёфт, бо ў машварат кард, вале ба дидори Садафмоҳ расида натавонист. Дар ин миён дар шаҳрак тўй барпо шуд. Мулло Шокир ба пиразан фармуд, ки коре карда Садафмохро ба рақс дарорад, то як назар бинад, ки ин зани овозадор чӣ занест. Вале пиразан ин хидматро ба ҷо орад ҳам, дидани дидори Садафмоҳ чандон кори осон набуд, зеро дар он замонҳо мардону занон якҷоя рақс намекарданд, давраю базмашон ҷудо-ҷудо буд.
Мардон дар тўйҳо гуштию бузкашӣ доштанд ва занҳо андаруни хонаҳо рақсу бозӣ. Тобистонҳо даруни ҳавлиҳои дарбаста базми занона меоростанд. Барои ҳамин дидани дидори Садафмоҳ барои Мулло Шокир чандон осон набуд... Ва дар чунин ҳолатҳо мардон ба гуфта ва хуш кардани даллола бовар мекарданд. Аммо Мулло Шокир ба пиразан бовар накард, худаш дидан хост: аввал либоси занона пўшида худаш ба базми занон даромадан хост (дар базми мардон занон либоси мардона пўшида дароянд ва баъзан мардон либоси занона пўшида, ногумон ба базми занон дароянд). Аммо аз раъяш гашт. Андешид, ки қади дарози ўро мардум дар зери сад тарҳ либос шиносанд. Пас чораи дигар андешидан лозим омад.
Пиразан ба Мулло Шокир фармуд, ки болои сафеддор баромада, паси шоху баргҳои он панаҳ шавад ва чун Садафмоҳ ба рақс барояд, ҳам худашро бинад ва ҳам рақсашро тамошо кунад...
Ҳамин тавр ҳам шуд. Мулло Шокир болои сафеддор баромад ва дар вақти авҷу қиёми базм пиразан Садафмоҳро ба рақс кашид.
Ў рад кард, кашола карданд ҳам, набаромад, вале занҳо ба ҷону ҳолаш намонда, ба рақс кашиданд. Садафмоҳ рўймоли фаранги гулобиранги ба даври гардан тоб додаашро кушода ба занаки паҳлўяш нишаста дод ва рўймолчаи фаранги тиллорангро сари абрў баста ба майдон баромад ва гирди кундаалоб, ки тобистон бошад ҳам, ба ном афрўхта буданд, давр гашт. Ў ба давра, ба оташ ва ҳатто ба ҳавлию тўйхона ҳусн афзуд, гўё то ҳол базмро ҳамин чиз намерасид. Абрўвони усмакашида, зулфони сиёҳи каҷ ба рўи сафед он қадар мувофиқ афтода буд, ки гуё табиат махсус фикру андешаи зиёде карда онро офарида бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор