Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

«Афтид! Афтид!» садо дардод духтар, вале савор эътиборе надод. Аспро маҳмез заду тозиёна ва Сиёҳмушкин нияту таги дили соҳибро фаҳмида, гўш хобонда тохт; аз зери суми он лой парид чанг хест, аз зарби наъли он сангҳои рўи роҳ шарорапош шуданд. Сиёҳмушкин тохту тохт. Вале он ҷо – дар кўчаи калони шаҳр, дар рў ба рўи мактабхона шарикдарсони ў фарёд заданд:
«Бурд, Қумриро бурд!» Аммо касони аз сирру савдо бехабар на ба маънии ин кор сарфаҳм рафтанд ва на ба доди Қумрӣ расиданд.
Баъди чунин рухдод шарикдарсони духтарак назди модари ў шитобиданд: «Бурд, Қумриро бурд» гуфтанд ва ба ин қадар садою мағалу безобитагиҳо модар саволи кўтоҳе дод: «Кӣ?» ва чунин ҷавоб гирифт: «Сияҳсавор». Сонӣ ҳайкалосо шах шуд. «Боз ташвишам зиёд шуд», аз дил гузаронд. Овора гаштан ва бори дигар тай кардани он роҳи тўлонӣ ва пурхоку хавфнокро пеши назар овард.
Ба фикру хаёл рафт, ки шояд ҳамаи ин дигар маънӣ дошта бошад:
шояд бо ҳамин баҳона Мулло Шокир бори дигар ўро дидан хоҳад, зеро Мулло Шокир зан дида, мисли Садафмоҳ зане надидааст, зан дўст дошта, касеро мисли Садафмоҳ дўст надоштааст. Коре шуду онҳо аз ҳам ҷудо гаштанд ва шояд мардак акнун пушаймон бошад. Мулло Шокир аввал ба рафтани Садафмоҳ бовар накард, сонӣ аз дузанагию сезанагии худ тарсид.
Сиёҳмушкин гашти худро дигар кард, аз таъқибу таҳдид эмин гашта суст шуд, якмаром мерафт. Духтарак ба тақдир тан дода, даступо назад, вале ҳоло ҳам сари ў, мўйи дарози ў паҳлўи асп кашол аст. Ва мардак дар чунин ҳолат духтарча азоб кашид, гуфта ўро бардошта пеши зин рост шинонд, то азоб накашад.
— Бас кун акнун, гиря накун, тура нахуранд,– боз ўро андаке афшонда гўяд мардак ва асп гапи соҳиб тасдиқ кард, ки сар афшонд.– Бас, он ҷо апаат танҳо, бе ту зиндагӣ карда натавонад, тура нахуранд.
Ў «апаат» гуфта, Тўтиро дар назар дорад, ки падар гуфта миёни модарандарон монд. Вай (ба қавли худаш) калон шуда буд ва гапи модарандарҳоро намехўрд, падарро пуштибон дониста, аз касе наметарсид. Агар ягон гап шавад, ба падар арз мекард, барои ҳамин ҳама аз ў тарсида «оташ» ном монда буданд. Вале Қумрӣ акси хислатҳои апааш: гўлак буд; ранги чўҷаяке, ки ҳоло пари парвоз набаровардааст. Азоб кашад ҳам, хорӣ диҳанд ҳам, дамбадарун буд, ба падараш даҳон намекушод, фақат барои дилашро кафондан ба Тўтӣ мегуфт, ки вай дар як лаҳза дар гирифта, шаттоҳию ҷўгигӣ карда, ба падараш мефаҳмонд. Аз Тўтӣ модарандарҳо низ метарсиданд.
Сиёҳмушкин ним рўз роҳ сипарда то шаҳраки Кофарниҳон расид. Боз ба ин ҷонвари безабон лозим омад, ки чоряк кам як фарсах роҳро тай кунад ва ба ҳамвории фарохе барояд, ки он ҷо пахта коранд. Ва ин замини ҳамвору сабз на аз дарёи Кофарниҳон, балки аз рўди Элак об хўрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор