Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рўзҳои борон хушнудтар буд, вале имрўз парешон. Мазмун, аз куҷо сар кардани корро надонад.
— Бригада, равняйс! – якбора садои ў баромад, ки бо ҳамин духтари командир буданашро исбот кардан мехост.
— «Ҷанг сар шуд» – овози занонае омад ва ҳар кас, ки назди мошинаю трактораш буд, рост истода ба Қумрӣ нигарист.
— Ба мошинҳо! – садо кард духтари командир ва худ низ ба трактор баромада, тори он рост истода, дасти ба фармон бардоштаро якбора пуршаст хам кард: «Оташ!»
Мошинаҳо баробар садо бароварданд. Сарой ларзид. Фазои саройро як дуди ғализи кабудча фаро гирифт ва баъд ғоз-ғоз парешон гашт. «Ба пеш!!!» Садои ў базўр шунида шуд. Колонна ба пеш ҳаракат кард. Мошинаи Қумрӣ пешопеш буд. Сардор. Вале ба қавли баъзе касон сардориро натавонад: «Даст ба миён дошта биист, на ки доим пеш-пеши мошинҳо гардӣ». Сардорҳое ҳастанд, ки фармон диҳанду худашон аз паи кори дигар шаванд. Аммо Қумрӣ ин хел не. Командирони корзор барин «Ба пеш»! гўяду худаш низ ба ҳуҷум гузарад. Дувоздаҳ сол боз «танксаворӣ» кунад, вале панҷ сол аст, ки чунин фармон диҳад. Ва дар тўли солҳои зиёд дидааст, ки ҳар сол Наврўзро ҳамчун анъанаи ҷуфтбаророни қадим ҳамин зайл бипазиранд, лаълию дастархон кунанд, аз «пирони кор» фотиҳа гиранд, сонӣ мошинаҳо ба майдони ҳарбу зарб даромада заминро такорў гардонанд, ҷўякҳо кашанд, пунбадона коранд... Аммо тарҷумаи ҳоли Қумрӣ бо ҳамин тамом нашавад; чиҳил соли умри ў андаруни пахтазорон гузаштааст ва рўзе нест, ки роҳи тайкардаро бори дигар хаёлан напаймояд. Ў ҳоло «ҷилави»
аспашро, аспи оҳанинашро сар додааст, бо як қартаи дароз раваду равад. Мисли яккабодбонест дар баҳри азим. Гўё мувофиқи табъи ронандааш равад, то ў дар ин огарди дуру дароз ҳамаи он чизе ки аз сар гузаронидааст, бори дигар пеши назар орад; агар ҳамин рўз ҳам шогирдонро ҳамроҳ мегирифт ва ҳамаи онҳо уқобчўҷаҳо барин ба сари сангҳои муҳаррик устувор нашишта, ҳоло ҳам ба «ин хел рону ун хел рон» гуфтани устозашон эҳтиёҷ медоштанд, ҳамаашро мегуфт, албатта мегуфт, ҳамин рўз рўзи саргузаштгўӣ буд. Ҳаво соф, баҳри дили касро кушояд ва ҳеҷ кас халал нарасонад, хотирашро парешон насозад, аз зери садои аспи фўлодинаш овози наъли кадом аспи бидав ба гўш хўрад:
Садои чаҳорнаъл омадани аспро шунид, вале фурсат наёфт, ки баргашта нигоҳ кунад. Аспи сиёҳмушкин бод барин омад, савораш ба духтарак чанг андохт ва уқобсифат ии чўҷаякро бардошт. Мўйи дарозу гиребони духтарак якҷоя ба чанголаш омад. Духтаракро бардошту пеши зини асп гирифт. Духтарак мисли чўҷаяке буд, ки дар чанголи уқоб пар-пар занад, Китобдони латтагини духтарак афтид. Даруни он ҷуз сиёҳидони ба замин бархўрда шикаста, ки сонитар рангаш аз латта зада баромад ва ручкаю дафтари холӣ чизи дигаре набуд.

пешина
аз 429
навбатӣ